Тафсири Сураи Хач Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 78
وَجَاهِدُوا فِي اللَّهِ حَقَّ جِهَادِهِ ۚ هُوَ اجْتَبَاكُمْ وَمَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ ۚ مِلَّةَ أَبِيكُمْ إِبْرَاهِيمَ ۚ هُوَ سَمَّاكُمُ الْمُسْلِمِينَ مِنْ قَبْلُ وَفِي هَٰذَا لِيَكُونَ الرَّسُولُ شَهِيدًا عَلَيْكُمْ وَتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ ۚ فَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ وَاعْتَصِمُوا بِاللَّهِ هُوَ مَوْلَاكُمْ ۖ فَنِعْمَ الْمَوْلَىٰ وَنِعْمَ النَّصِيرُ ٧٨
Ва ҷаҳиду филлаҳи ҳаққа ҷиҳадиҳ. Ҳуваҷтабакум ва ма ҷаъала ъалайкум фи-д-дӣни мин ҳараҷ. Миллата абӣкум Иброҳӣм. Ҳува саммакуму-л-муслимӣна мин қаблу ва фӣ ҳаза ли якуна-р-расулу шаҳӣдан ъалайкум ва такуну шуҳадаа ъала-н-нас. Фа ақӣму-с-салата ва ату-з-заката ваътасиму биллаҳи Ҳува мавлакум. Фа ниъма-л-мавла ва ниъма-н-насӣр.78.
78. Ва дар роҳи Худо набард кунед, чунон набарде, ки барои Худо сазовор бошад! Вай шуморо баргузид ва дар дин бар шумо ҳеҷ тангӣ нагирифт, дини падари шумо Иброҳимро барои шумо (машруъ кард), Худо шуморо пеш аз ин «мусалмон» ном ниҳод ва дар Қуръон низ, то ин Пайғамбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо бар дигар мардум гувоҳ бошед, пас, намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва ба Худо чанг занед! Ӯ Худо (мададгор)-и шумо аст, пас, некӯ Худованд ва некӯ мададгор аст!
Дар шарҳи калимаи «ҷиҳод» муфассирон чунин гуфтаанд: Барои ба даст овардани мақсад сарф кардани тамоми нерӯ ва тобовардан ба душвориҳоро ҷиҳод гӯянд. Калимаи «муҷоҳада» ҳар гуна кӯшишро аз ҷумла: кӯшиши забонӣ, қаламӣ, молӣ ва ҷисмониро низ шомил аст. Ҷиҳод се навъ аст: ҷиҳод бо душман (монанди ҷангидан бо кофирон, ки ватани мусулмононро забт кардаанд), ҷиҳод бо шайтон, ҷиҳод бо нафси худ ва муқобила бо хоҳишҳои нодурусти он.
Худованд фармудааст, ки дар роҳи ризои Худо бо мол, забон ва ҷон холисона ҷиҳод кунед ва ба мубориза бархезед. Ҳамчунин дар иҷрои амрҳои Худо тамоми қувват ва имкониятро сафарбар намоед. Барои ислоҳи нафс (ботин) ва зиндагонии дунё ва охирати худ холисона чунон заҳмат кашед ва чунон кӯшиш кунед, ки сазовори бандагӣ бошад.
Худованд барои нусрат ва ёрии дини Худ аз байни тамоми халқҳо мусулмононро интихоб кард, комилтарин шариату бузургтарин Пайғамбар (с)-ро ба онҳо ихтисос дод ва дар иҷрои ҳукмҳои дини Худ ҳеҷ душворӣ ё сахтиеро қарор надод, ҳамчу барномаи зиндагӣ шариъати осонеро барои шумо пешниҳод намуд. Худованд дар дини Ислом мушкилие нагузошт, ки бардоштани он душвор бошад. Ҳатто дар ҳолатҳои махсус чун беморӣ, сафар ва ғ. ҳаргуна осониҳоро рухсат дод ва гуфт, ки ин дин дини падаратон Иброҳим (а) аст. Онро бигиред, зеро динест ҳақ, рост, муътадил ва устувор. Худованд дар китобҳои пешин ва дар Қуръон шуморо «мусулмон» ном ниҳод ва розӣ шуд, ки Ислом дини шумо бошад. Фахриддини Розӣ фармудааст: «Худованд дар китобҳои қабл аз Қуръон ва дар ин Қуръон фазл ва бартарии шуморо (яъне уммати Муҳаммад (с)-ро) бар дигар миллатҳо баён кард ва шуморо бо ин ном гиромӣ номид. Пас чун ин шараф ва кароматро ба шумо ихтисос дода аст, шумо ҳам таклифи Ӯ-ро рад накунед». То ин Пайғамбар бо таблиғу расондани Қуръон бар шумо гувоҳ бошад ва шумо ба дигар умматҳо низ гувоҳ бошед, ки пайғамбаронашон шариъати Илоҳиро ба онҳо расониданд. Вақте ки Аллоҳ таъоло шуморо бо чунин эҳсони бузург мушарраф гардонида аст, пас бояд намозро барпо доред ва закотро бидиҳед.
Дар ҳама корҳо фақат ба Худо такя ва эътимод кунед. Як зарра ҳам аз роҳи ҳақ набояд берун рафт, аз фазлу марҳамати Ӯ кӯмак бихоҳед. Боварии том дошта бошед, ки Худованд молику ёру мададгори беҳтарини шумост. Аллоҳтаъоло дар ҳамаи сифатҳои Худ баркамолу бемонанду беҳамто ва некӯ мададгор аст.
Поёни сураи Ҳаҷ ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «