Сураи Ҳаҷ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хач Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳаҷ Ояти 8

وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُنِيرٍ ٨

Ва мина-н наси ма-н юҷадилу филлаҳи би ғайри ъилми-в ва ла ҳуда-в ва ла китаби-м мунӣр. 8.

8. Ва аз мардум касе ҳаст, ки дар шаъни Худо ба ғайри дониш ва ба ғайри ҳидоят ва ба ғайри Китоби равшан гуфтугӯ мекунад.

Муфассирон гуфтаанд: Ояти мазкур дар бораи Абӯ Ҷаҳл ва Назр ибни Ҳорис нозил шуда аст. Зеро Абӯ Ҷаҳл сардори мушрикони Макка буд, пайваста бо Ислом душманӣ дошт. Худованд ӯро ба зиллату хорӣ ваъда дод. Он ваъда дар ҷанги Бадр иҷро гашт ва ӯ бо хорӣ кушта шуд. Ҳамчунин Назр бинни Ҳорис пайваста дар кӯчаҳои Макка бар зидди даъватҳои исломӣ мегашт, найрангҳои гуногун созмон медод, ӯ низ дар ғазои Бадр кушта шуд. Маънои ояти мазкур ом буда, ҳар касе ки дар роҳ ва равиши равшани Парвардигор ба гумроҳсозии мардум бо шакангезӣ ва шубҳапаҳнкунӣ, машғул мешавад, таҳти ваъиди ин оят дохил аст. Валлоҳу аълам.

Хулоса, ояти мазкур бо тариқи танбеҳ дар бораи ин гуна инсонҳо фармудааст, ки баъд аз шунидани далелҳои равшан боз баъзе инсонҳои каҷрав ва инкоркунандаи ҳақ вуҷуд доранд, ки бидуни доштани хираду дониши саҳеҳ, бе нигориши дурусте, ки роҳнамои онҳо бошад, бе доштани китоби равшангар, ки барои онҳо дорои ҳуҷҷатҳо ва далелҳо бошад, боз дар шаъни Парвардигор ва дар бораи мабдау маъод ба баҳсу ҷидол ва кашмакашиҳо мепардозанд. Боз ҳам…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳаҷ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳаҷ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)