Тафсири Сураи Хач Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳаҷ Ояти 9
ثَانِيَ عِطْفِهِ لِيُضِلَّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۖ لَهُ فِي الدُّنْيَا خِزْيٌ ۖ وَنُذِيقُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ عَذَابَ الْحَرِيقِ ٩
Сания ъитфиҳӣ ли юЗилла ъан сабӣлиллаҳ. Лаҳу фи-д-дунйа хизю-в ва нузӣқуҳу явма-л-қийамати ъазаба-л-ҳарӣқ. 9.
9. Дар ҳоле, ки (бо такаббурӣ) сафҳа (гардан)-и худро мепечонад, то (мардумро) аз роҳи Худо гумроҳ кунад. Ӯрост дар дунё расвоӣ ва ӯро рӯзи қиёмат азоби сӯзандаро бичашонем.
Ояти мазкур барои шахсе, ки ҳангоми ба сӯи роҳи ҳақ даъват шудан, аз рӯи такаббур ва инкор аз он (суханҳои илоҳӣ) рӯ метобад, то роҳи дин ва шариати ростини Худоро ба рӯи мардум бибандад ва аз мардум ҷилавгирӣ мекунад, то онҳо ба дини Худо ворид нашаванд, ваъдаи азоби Худованд аст. Барои чунин шахс дар зиндагии дунё хорӣ ва расвоӣ насиб мегардад ва дар рӯзи охират оташи сӯзони Дӯзах ба ӯ чашонида мешавад. Вақто ки чунин афрод вориди Ҷаҳаннам мешаванд, ба онҳо…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳаҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «