
Экзосайёраҳо (экзопланета, экзо – калимаи юнони буда, маънояш, берун ё беруни мебошад) – сайёраҳое мебошанд, ки берун аз Системаи офтобӣ қарор доранд. Экзосайёраҳоро бо методҳои гуногуни илмӣ кашф мекунанд. Аввалин экзосайёра соли 1980 кашф шудааст. То 4 феврали соли 2019 кашфи 3976 экзосайёра тасдиқ шудааст.
Мувофиқи баъзе фарзияҳои илми танҳо дар галактикаи мо, ки Роҳи каҳкашон ном дорад ва андозааш ба 100 000 соли рушнои баробар аст, зиёда аз 100 000 000 000 (100 миллиард) сайёра мавҷуд аст. Аз ин шумора кариб 12 000 000 000 (12 миллиард)- аш ба Замини мо монанд мебошад.
Инчунин мувофиқи баҳодиҳиҳо муайян шудааст, ки 34% – и ситораҳои офтобмонанд дар минтақаҳои ҳаётиашон сайёраҳои заминмонанд доранд. Ҳоло аз ин шумораи экзосайёраҳои кашфшуда (3976) 216 – тояш айнан ба Замин монанд мебошанд. Бисёри экзосайёраҳои кашфшуда газӣ буда, ба Муштари монанд мебошанд.


