Якчанд маълумоти ҷолиб аз Кори Ишкамба дар ин саҳифа оварда мешаванд. Маълумотои аҷиб >>
Қорӣ – ишкамба арраро дар хонааш роҳ намедод, ки дандон дораду чизеро мехӯрад.

Ӯ ҷуссаи бузурги худро низ бад медид, ки барои ҷелак дӯзондан матои зиёд сарф мешуд, вале аз нафси бад ҷои гурез надошт, то харобтар гардад.
Боре як шарикаш, ки дар хасисӣ аз ӯ монданӣ надошт, мепурсад:
– Ману ту дер боз рафиқем. Рост гӯй, ки дар ҷанозаи ман чӣ меорӣ?
– Хайр, ана,- бо ҳайрат мегӯяд дӯсташ,- ду газ карбос, чӣ буд?
– Ҳамон ду газ карбосро ҳозир биёр, дар ҷанозаам наоӣ ҳам, мешавад,- бо илтиҷо мегӯяд Қорӣ.
Қорӣ як калимаро иваз карда, доимо ин байтро зери лаб ғур – ғур карда мегашт:
Дар рафтани пул аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
– Домулло, оши палав ба шумо зарар дорад, – ҳангоме ки ошро оварданд, гуфтанд ба Қорӣ – ишкамба, – баданатонро хориш мегирад.
– Мехӯраму баъд ме-е-хо-о-рам, – бепарво ҷавоб гардондаст Қорӣ ва пеш аз ҳама даст ба табақ бурдааст.


