Тафсири Сураи Хашр Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
سَبَّحَ لِلّٰهِ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَمَا فِى الۡاَرۡضِۚ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ١
Саббаҳа лиллаҳи ма фи-с-самавати ва ма фи-л-арЗи ва Ҳува-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 1.
1. Он чи дар Осмон ва он чи дар Замин аст, Аллоҳро ба покӣ ёд кунанд ва Ӯ ғолибу боҳикмат аст.
“Саббаҳа” чандин маъноро дар худ таҷассум месозад. Аз он ҷумла, ба маънои “бузургӣ”, “пок донистани Парвардигор аз ҷамии айбу нуқсон” ва “тасбеҳ” гуфтан. Дар ояти карима омадааст, ки ҳама мавҷудоти замину осмонҳо, чи инс бошаду чи ҷин, чи ҳашароту дарахтон ва ҳатто растаниҳо ва ғайри онҳо низ Худовандро тасбеҳ мегӯянд. Ҳарчанд инсон инро намебинад ва намешунавад. Зеро Аллоҳтаъоло дар мулки Худ ғолиб ва корҳои худро бо ҳикмати тому бехато анҷом медиҳад, на мисли бандагон, ки амалҳояшон аз саҳву хато холӣ нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «