Тафсири Сураи Хашр Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳашр Ояти 19
وَلَا تَكُوۡنُوۡا كَالَّذِيۡنَ نَسُوا اللّٰهَ فَاَنۡسٰٮهُمۡ اَنۡفُسَهُمۡؕ اُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الۡفٰسِقُوۡنَ ١٩
Ва ла такуну ка-л-лазӣна насуллоҳа фа ансаҳум анфусаҳум. Улаика ҳуму-л фасиқун. 19.
19. Ва монанди касоне, ки Худоро фаромӯш карданд, мабошед, пас, Худо аз хотири онҳо ҳаққи нафсҳояшонро фаромӯш гардонид. Он ҷамоъа бадкору фосиқанд.
Эй муъминон, шумо мисли онҳое мебошед, ки Худоро фаромӯш карданд, тоъату ибодати ӯро тарк намуданд, гӯё ки ба Худо ҳеҷ коре надошта бошанд. Яъне мисли мунофиқон ва яҳудиён мабошед.
Пас, Худованд аз онҳо ҳаққи нафсонашонро фаромӯш кунонид. То андозае, ки онро дигар адо карда наметавонистанд. Ҳар як нафс бар соҳибаш ҳақ дорад, ки нафси худро бояд барои иҷрои амрҳои Парвардигор ва дур шудан аз корҳои наҳйи кардаи Ӯ таъоло озод нигоҳ дорад. Дар баҷо овардани амрҳои Аллоҳтаъоло ҳарис бошад ва дар парҳез кардан аз он чи манъ намудааст, ҷаҳд намояд. Онҳое, ки ҳаққи нафси худро ба ҷо намеоранд, фаромӯшгори ҳаққи Худо ва нафси худанд.
Онҳо фоҷирону фосиқону ба инҳо монанд шахсонанд, ки бо сабаби Худоро фаромӯш карданашон аз ҷонҳои худашон ғофилу аз офатҳое, ки ба сарашон меояд, бехабар монданд. Инсонҳо, чуноне ки аз оятҳои боло маълум гардид ба ду гурӯҳ тақсиманд: яке тақводор ва дигаре Худоро фаромӯшкарда. Ояти навбатӣ якеро ба Ҷаннат ва дигареро ба Ҷаҳаннам башорат медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳашр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «