Тарчумаи холи / зиндагиномаи Хазрати Усмон. Тарҷумаи ҳоли Ҳазрати Усмон
Номаш Усмон ва номи падараш Аффон, лақабаш Зуннурайн ва кунияташ Абуамр ё АбуАбдуллоҳ ва Абӯлайло низ гуфта шудааст. Маънои “зуннурайн” соҳиби ду нур мебошад ва мурод аз он ду духтари Пайғамбар, (с) аст, ки якеро баъди вафоти дигараш Ҳазрати Усмон издивоҷ карда буд.
Дар соли 577 милодӣ, яъне 47 сол қабл аз оғоз шудани солшумори ҳиҷрӣ ба дунё омадааст ва дар соли 35 ҳиҷрӣ мутобиқ бо 656 милодӣ дар сини 79 солагӣ бо солшумории милодӣ ва 82 солагӣ бо солшумории ҳиҷрӣ аз тарафи шӯришчиёни авбоши исёнгар ба шаҳодат расидааст.
Дар соли 23 ҳиҷрӣ баъди шаҳодати ҳазрати Умар халифа интихоб гардидааст ва то соли шаҳодаташ, яъне соли 35 ҳиҷрӣ дар муддати дувоздаҳ сол ифои масъулияти хилофат кардааст.
Аз ҷумлаи мусулмонони аввал, шавҳари ду духтари Пайғамбар, (с) – Руқайя ва Умму Кулсум ва аз ҷумлаи бузургтарин ва наздиктарин саҳобагони он Ҳазрат (с) ва бузургтарин мададгорони молӣ ва иқтисодии Пайғамбар, (с) ва давлати рисолату хилофат ба шумор меравад. Аз дидгоҳи аҳли суннат дар мақому мартаба баъд аз Ҳазрати Абубакру Умар савумин шахсияти уммати исломӣ маҳсуб мешавад ва дар ҷумлаи даҳ нафари башоратдодашуда ба биҳишт шомил аст.
Даврони хилофати вай замони густариши қаламрави ислом дар Африқо ва Қафқоз ва даврони пешрафту тараққиёти ҳаёти моддӣ ва маънавии мусулмонон дониста мешавад. Аз ҷумлаи бузургтарин хидматҳои ин бузургвор ҷамъ кардани Қуръони карим мебошад, ки бо чунин амалаш Аллоҳ, субҳонаҳу ва таоло тавассути ҳазрати Усмон Қуръони каримро аз хатари мавриди таҳриф қарор гирифтан ҳифз кардааст.
Бо вуҷуди чунин бузургворияш баъзе ҳосидон ва мансабталабон бар муқобили ӯ шӯриш карданд ва ӯро ба қатл расонида, фитнаи қатли ба ноҳақро дар таърихи ислом бунёд гузориданд, ки асари он то кунун мусулмонони оламро ором намегузорад.
Ҳазрати Усмон нахост аввалин халифае бошад, ки бар муқобили мардуми исёнгару ношукр лашкар бикашад ва аввалин амире бошад, ки ба дастури вай хуни мусулмон резонида шавад. Аз ҳамин ҷиҳат борҳо талаби шӯришгаронро иҷро кард ва ба амири қудратмандаш Ҳазрати Муъовия иҷозати саркӯб кардани шӯришгаронро надод, вале ин сабру таҳаммули ӯро шӯришгарони ҷоҳилу мансабталаб аломати заъфу нотавонияш талақӣ карда, ғофилгирона болояш ҳамла карданд ва ӯро дар ҳолати қироати Қуръон сар буриданд ва китоби Аллоҳ Таъолоро бо хуни поки ин бандаи маҳбубаш рангин сохтанд.
Ҳазрати Усмон босаброна ин мусибатҳоро пушти сар кард ва ҷони худро ба ҷонофарин таслим кард, вале ба ҳеҷ касе иҷозат надод, ки дар дифоъ аз нафси вай хуни мусулмонеро бирезонад.


