Тафсири Сураи Хичр Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳиҷр Ояти 11
وَمَا يَأْتِيهِمْ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا كَانُوا بِهِ يَسْتَهْزِئُونَ ١١
Ва ма яътӣҳим-м ми-р-расулин илла кану биҳӣ ястаҳзиун. 11.
11. Ва ба онҳо ҳеҷ фиристодае намеомад, магар бо ӯ истеҳзо мекарданд.
Ҳар вақто ки Пайғамбар (с) ё муъминон мардумро даъват ба дин мекарданд, ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ меомаданд. Ҳоло дар ояти мазкур, Худованд барои онҳо, ҳамчун тасаллӣ ишора ба зиндагонии пайғамбарони гузашта карда, фармудааст, ки Мо пеш аз ту дар миёни умматҳои гузашта пайғамбарони худро фиристода будем, онҳо низ ҳангоми даъвати қавмҳои гумроҳ ва мутаъассиб гирифтори мушкилот мешуданд. Пас, эй Муҳаммад (с), ту аввалин пайғамбар нестӣ, ки аз шахсони саркаш озор бинӣ! Аз истеҳзо ва нобоварии онҳо андӯҳгин мабош. Ин кори нав нест, ҳамеша инкоркунандагони ҳақиқат, чун пайғамбаре барои ҳидояти онҳо фиристода мешуд, кори мушрикони қаблиро такрор карда, ӯро дурӯғгӯй, ё соҳир, ё девона гуфта, масхара мекарданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳиҷр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «