Бо падар ва модарат беҳтарин рафторро дошта бош.
Андарзу насиҳати дигаронро фаромӯш макун.
Аз бадон интизори мардонагӣ ва некӣ надошта бош.
Бо ҳар кас ба андозаи дарки ӯ сухан бигӯ.
Аз мардум рӯй магардон ва бо онҳо беэътино мабош.
Бо ғурур ва такаббур бо дигарон рафтор макун.
Ба сари дигарон фарёд макаш ва ором сухан бигӯ.
Ба он чӣ дигаронро андарз медиҳӣ худ пештар амал кун.
Сухан ба андоза бигӯ.
Ҳаққи дигаронро ба хубӣ адо кун.
Розу асроратро назди худат нигоҳ дор.
Кори имрӯзро ба фардо магузор.
Ба ҳангоми сахтӣ дӯстро озмоиш кун.
Бо суду зиён дӯстро имтиҳон кун.
Бо андешамандон ва олимон ҳамроҳ бош.
Сухани санҷидаи ҳамроҳ бо далелро баён кун.
Рӯзҳои ҷавониро ғанимат бидон.
Ба кам гуфтану кам хӯрдану кам хобидан худро одат бидеҳ.
Бо дӯсту душман хушахлоқ бош.
Вуҷуди падару модарро ғанимат шумор.
Муаллиму устодро ҳамчун падару модар дӯст бидор.
Камтар аз даромаде, ки дорӣ, харҷ кун.
Гузашт ва ҷавонмардиро пеша кун.
Ҳеҷ гоҳ дӯстону ҳамкешони худро тарк макун.
Манбаъ: Рангинкамон, Замимаи “Ворисони Сомониён”.
Пандхои Лукмони Хаким, панду андарз, панду насихат аз Лукмони хаким