Сураи Ҳоққаҳ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ Ояти 3

وَمَاۤ اَدۡرٰٮكَ مَا الۡحَــآقَّةُ ٣

Ва ма адрока ма-л-ҳаққаҳ. 3.

3. Ва (ай Муҳаммад) туро чӣ дононд қиёмат чист?

Яъне он Ал-ҳоққаҳ шайъи бузург аст ва онро ба пуррагӣ дарк намудан имконнопазир аст. Эй Муҳаммад (с) ту қиёматро бо аҳволу бузургию сахтиву изтиробу даҳшаташ, надидаӣ аз куҷо медонӣ, ки чист Ал-ҳоққаҳ? Яъне бо сурати аслияш қиёматро ҳеҷ тасаввуру хаёл фаро гирифта наметавонад. Бо вуҷуди он ки Аллоҳтаъоло зикри қиёматро дар Қуръони худ ба ҳама сураташ баён месозад касоне ёфт мешаванд, ки он рӯзро чуноне, ки дар ояти зер зикр мешавад такзиб мекунанд, ва ҳатто парвои чунин рӯзи ҳавлнок ҳам надоранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)