Тафсири Сураи Хокках Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 42
وَلَا بِقَوۡلِ كَاهِنٍؕ قَلِيۡلًا مَّا تَذَكَّرُوۡنَؕ ٤٢
Ва ла би қавли каҳин. Қалӣла-м ма тазаккарун. 42.
42. Ва на гуфтори коҳин аст, андаке панд мепазиред.
Қуръон сухани коҳин ҳам нест, ки онҳо даъвои маърифати ғайбро мекунанд. Қуръон бо тамоми услубаш ғайри саҷъи фолбинон аст. Агар имон меовардед медонистед, ки расул кист ва коҳину соҳиру шоир, кист? Коҳину соҳиру шоир гуфтани шумо Расул (с)-ро аз беимонии шумост. Андеша кунед кадом коҳину фолбину соҳир худашро таҳти итоб қарор додааст? (Нигаред ба оятҳои аввали Сураи Абаса). Бараъло маълум аст, ки Қуръон бе шакку бе райб каломи Худо аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «