Тафсири Сураи Хокках Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҳоққаҳ Ояти 52
فَسَبِّحۡ بِاسۡمِ رَبِّكَ الۡعَظِيۡمِ ٥٢
Фа саббиҳ бисми Раббика-л-Ъазӣм. 52.
52. Пас, номи Парвардигоратро ба покӣ ёд кун, ки бузург аст.
Пас, эй Пайғамбари Мо (с), номи Парвардигори худро аз ҷамии бадиҳо ва нуқсонҳо ба покиву неки ёд кун. Бинобар он неъматҳои бузурге ки ба ту ато фармудааст, шукри Ӯ таъолоро ба ҷо ор. Зеро бузургтарин неъмат ин Қуръони азимушшаън аст, бар ту ато фармудааст. Валлоҳу аълам.
Поёни сураи “Ҳоққа”. ва лиллаҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «