
Собиқ қароргоҳи зимистонаи шоҳони чинӣ дар Пекин, ки алъон маҷмаи «Гугун» («Қасри куҳан» 故宫) номида мешавад, сертамошобинтарин осорхонаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ҳафтаи гузашта ба дидани даргоҳи шоҳон 17 миллион сайёҳ омад.
Тибқи маълумот, қариб аз се ду ҳиссаи меҳмонони хориҷиро ҷавонони то сисола ташкил медиҳанд.
Вақтҳои охир тамошои Шаҳри мамнӯъ маҳдуд карда шуда, рӯзе на беш аз 80 ҳазор нафар метавонад вориди он гардад. Ин тадбир ба хотири ҳифзи меъмории қадима ва ангораҳои осорхона роҳандозӣ шудааст.


