Сураи Ҳоққаҳ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Хокках / Ҳоққа / Ҳоқа/ Хокка – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҳоққаҳ 69-ум сурайи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда, аз 52-оят иборат аст.

Ин сура чун сураҳои қаблӣ буда, барои собит кардани имон ва ақида нигаронида шудааст. Инчунин шарҳи қиёмат, даҳшати он, шиддати охират ва хабари дурӯғпиндоштагони он рӯзро мисли қавми Од, Самуд, Лут (а), Фиръавн ва Нӯҳ (а) зикр гардидааст. Аллоҳтаъоло дар он аҳволи одамони некбахту бадбахтро баён кардааст. Аммо меҳвари асосии сура ин исботи сидқи Қуръони азимушшаън, ин каломи Ҳакиму Алим ва пок будани Расулуллоҳ (с) аз иттиҳоми аҳли залол мебошад.

Сураи карима бо “қиёмат” оғоз ёфта аҳволи куффор (боварнакунандагони он) ва вақти иқоби аҳли куфр ва инодро дар он рӯз хотиррасон мекунад. Баъдан шарҳи аҳволи ашёи олам осмону замину кӯҳҳо дода мешаванд. Аз лаҳзаи тақсими номаҳои аъмол ва намуду сурати чеҳраи номагирон низ хабар дода мешавад. Дар ин сура гуфта мешавад, ки фиристодаи Худо (с) ба амонат хиёнат накарда, ҳама оятҳои нозилшударо бе каму кост ва бе илова ба мардум расонидааст. Дар охири сураи карима гуфта мешавад, ки Қуръон барои муъминон раҳмат ва барои кофирон ҳасрат аст.

Инак тарҷума ва шарҳу эзоҳи оёти сураи “Ҳоққат” ба маърази шумо хонандагони гиромӣ иншоаллоҳ пешкаш мегардад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҳоққаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҳоққаҳ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)