Тафсири Сураи Калам Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 52
وَمَا هُوَ اِلَّا ذِكۡرٌ لِّلۡعٰلَمِيۡنَ ٥٢
Ва ма Ҳува илла зикру-л лил ъаламӣн. 52.
52. Ва ҳол он ки Қуръон ҷуз панд барои оламиҳо чизи дигаре нест!
Қуръоне, ки муъҷиза аст ин фақат мавъиза ва панду насиҳат барои инсу ҷин аст, ӯро Худованд чӣ хел ба як девона нозил мекардааст? Шумо мегӯед, ки Муҳаммад девона аст. Оё ақл надоред, ки ба муқобили сухани Худо ҳарф мезанед? Ин китоб на барои як шахс, балки барои оламиёнро панд додан аст. Чунин суханро ба ғайри Ӯ таъоло дигар шахс гуфта наметавонад. Ин башорат баъди вафоти расули Худо (с) бисёртар ошкор гардид. Зеро дини Ислом дар тамоми олам паҳн шуд ва паҳн шуда истодааст.
Бо ҳамин тариқ, Ӯ таъоло сураро бо азаматии Қуръон сар карда буд ҳамчунон Ӯро бо азамати Расул (с) хотима бахшид.
Имом Ҳасани Басрӣ (р) ояти 51-52-ро барои нарасидани заҳри чашм шифо гуфтааст.
Поёни сураи “Қалам”. Ва лилаҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «