Хукми кироъати сураи “Алхамд” – Масъалахои ихтилофи дар Намоз.
Дар масъалаи воҷиб будани қироъати сураи “Алҳамд” дар намоз фуқаҳои чаҳор мазҳаб иттифоқ доранд, валекин дар масъалаи рукне аз аркони намоз будан ё набудани тиловати сураи “Алҳамд” ихтилоф доранд ва ду назарро иброз кардаанд:
1- Аз дидгоҳи ҷумҳури уламо, яъне моликиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо хондани сураи “Алҳамд” дар намоз рукне аз аркони намоз аст ва бо тарки он саҳван ва амдан намоз фосид мешавад.
2- Аз дидгоҳи фуқаҳои мазҳаби мо ҳанафиҳо рукни намоз қироъати мутлақи Қуръон аст, ки сураи “Алҳамд” ва ғайри онро дар бар мегирад ва ба тарки қироъати мутлақ қасдан ва саҳван намоз фосид мешавад. Аммо хос қироъати сураи “Алҳамд” воҷиб аст, ки ба тарки он қасдан иъодаи намоз воҷиб мешавад ва ба тарк карданаш саҳван саҷдаи саҳв воҷиб мегардад.
Далелҳои мавзӯъ
Аз ҷумлаи далелҳои ҷумҳури уламо ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” ва дигарон мебошад, ки дар он Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“لاَ صَلاَةَ لِمَنْ لَمْ يَقْرَأْ بِفَاتِحَةِ الكِتَابِ” . (كذا في صحيح البخاري -1/ 151 756 – -عَنْ عُبَادَةَ بْنِ الصَّامِتِ(
“Нест намоз барои шахсе, ки сураи “Алҳамд”-ро нахондааст”.
Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ аз чанд ҷиҳат бо ин ҳадис ва амсоли он воҷиб будани тиловати сураи “Алҳамд” собит мешавад, валекин рукну фарз буданаш собит намешавад:
1-Лафзи “Ло салота”, яъне нест намоз ба ду маъно далолат мекунад:
1-Ба маънои намозаш дуруст нест ва ботил аст, ҳамчуноне ҷумҳури уламо назар додаанд.
2-Ба маънои намозаш ноқис аст ва комил нест, ҳамчуноне уламои ҳанафӣ назар додаанд.
Ба таври мисол дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” ва дигарон бо санади ҳасан ё саҳеҳ омадааст, ки дар ҳар хутбааш Пайғамбар (с) чунин мегуфтааст:
“عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ قَالَ: مَا خَطَبَنَا نَبِيُّ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِلَّا قَالَ:”لَا إِيمَانَ لِمَنْ لَا أَمَانَةَ لَهُ، وَلَا دِينَ لِمَنْ لَا عَهْدَ لَهُ “. (كذا في مسند أحمد ط الرسالة -19/ 376 واسناده حسن. وقال المناوي في التيسير بشرح الجامع الصغير -2/ 488- واسناده قوي. وفي صحيح الجامع الصغير وزيادته -2/ 1205-صحيح- “حم حب” عن أنس. إيمان ابن أبي شيبة 7، المشكاة 35، الروض 1/526)
“Нест имон барои касе, ки амонатдор нест ва нест дин барои касе, ки аҳду паймон надорад”.
Ҳеҷ шаке нест, ки мурод аз “Ло имона”, имони комил надорад аст ва маънои “Ло дина” дини комил надорад мебошад ва ин ҳадис ба ботил будани дину имони ашхоси ба амонат хиёнаткунанда ва ё ба аҳду паймонашон побанд набуда далолат намекунад.
2-Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар ояти бистуми сураи “Музаммил” ба хондани ончи аз Қуръон бароямон муяссар ва осон аст дастур додааст:
{فَاقْرَءُوا مَا تَيَسَّرَ مِنَ الْقُرْآنِ} )المزمل: 20(
“Пас оне аз Қуръон бароятон муяссар ва осон аст, онро бихонед”.
Ҳеҷ шаке нест, ки дар ин оят Аллоҳ таоло хондани ончиро аз Қуръон осон ва муяссар аст иҷозат додааст ва Пайғамбар (с) ба ҳамин маъно дар ривояти “Сунани Насоӣ” ишора кардаву қироъат кардани дар намозро чунин таълим додааст.
“قَالَ:”وَيَقْرَأَ مَا تَيَسَّرَ مِنَ الْقُرْآنِ مِمَّا عَلَّمَهُ اللَّهُ وَأَذِنَ لَهُ فِيهِ”،(كذا سنن النسائي -2/ 225- وحكم المحقق : صحيح)
“Ва ончиро барояш аз Қуръон муяссар аст, аз ҷумлаи ончи Аллоҳ дононда аст вайро ва иҷозаташ додааст, тиловат мекунад”.
Чуноне пушида нест дар Қуръон Аллоҳ таоло ончиро осону муяссар аст донондаву иҷозат додааст ва он метавонад сураи “Алҳамд” ё ғайри сураи “Алҳамд” бошад.
3- Пайғамбар (с) ҳангоме ба баднамозгузоранда дуруст гузоридани намозро таълим медод, дастураш додааст, ки ончиро аз Қуръон барояш муяссар аст бихонад ва хондани сураи “Алҳамд”-ро таълимаш ё дастураш надодааст. Чуноне дар ривояти “Саҳеҳи Бухорӣ” Пайғамбар (с) гуфтааст:
«إِذَا قُمْتَ إِلَى الصَّلاَةِ فَكَبِّرْ، ثُمَّ اقْرَأْ مَا تَيَسَّرَ مَعَكَ مِنَ القُرْآنِ.”.(كذا في صحيح البخاري -1/ 152- 757 عن ابي هريرة )
“Ҳар вақто барои гузоридани намоз бархестӣ, пас такбир бигӯ ва баъд аз он ончиро аз Қуръон бароят муяссар аст бихон”.
Оё имкон дорад, ки Пайғамбар (с) барои дуруст хондани намоз суннатҳо ва мустаҳабҳои намозро таълим бидиҳад валекин рукне аз аркони онро, ки тиловати сураи “Алҳамд” бошад таълим надиҳад?
Хулосаи мавзӯъ
1- Ба иҷмоъи чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат тиловати сураи “Алҳамд” дар намоз воҷиб аст ва хондани он ҳатмӣ мебошад, валекин дар чӣ будани воҷиби мазкур фуқаҳои чаҳор мазҳаб ихтилофи назар доранд. Мурод аз воҷиби мазкур аз дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳо, яъне моликиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо фарз мебошад. Яъне амри машруъе, ки анҷом доданаш шарт, тарк карданаш фисқ ва инкор карданаш куфр ва ба тарки он намоз табоҳ мешавад.
Аммо аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ воҷиби мазкур амри машруъест, ки анҷом додани он ҳатмист ва тарк карданаш фисқ, инкор карданаш касро мустаҳиқи дӯзах мекунад, вале кофир намешавад ва тарк карданаш саҳван саҷдаи саҳвро воҷиб мекунад ва таркаш қасдан намозро ноқиси воҷибулиъода мегардонад, вале ба таври кулли табоҳаш намесозад.
2-Ихтилофи уламо дар ҳатмӣ будани хондани сураи “Алҳамд” нест, балки дар мақому мартабаи машруъияти он аст. Пас то замоне дунё боқист ва намоз ҳаст тиловати сураи “Алҳамд” низ ҳамроҳи он ҳатман хоҳад буд ва дар ин масъала ҳеҷ мусулмоне камтарин шак надорад.


