Кутохтарин хикояхо ва достон

0

Дар ин мақола кутохтарин хикояхо ва достонҳо оварда мешаванд, ки бо вуҷуди кутоҳ будан дар худ як ҷаҳон маъниро доро мебошанд.

Баъзе адибон тавони онро доранд ки оламеро дар чанд вожа ғунҷонанд.


1. Рӯзе Ҳемингвей шарт баст ки достонаке иборат аз шаш калима хоҳад навист ки ҳар як хонандаро муассир бикунад.

Шартро бурид:

“Барои фурӯш,попӯши бачагона,истифода нашуда”.


2. Фредерик Броун кӯтоҳтарин қиссаи тарснокро навишта:

“Охирин одами рӯи Замин дар хона нишаста буд.Ногаҳ дарро кӯфтанд”


3. Ҳенрӣ барандаи озмуни кӯтоҳтарин достон гашт ки дар он суннати достоннависии қадимӣ,оғоз,авҷ,анҷом бояд риоя мешуд:

” Ронанда сигорашро рӯшан карду хам шуд то бибинад ки дар бак чӣ қадр бензин монда. Мурда ҳамагӣ бисту се сол дошт”


4. Инглисҳо низ озмуни достони кӯтоҳро баргузор мекунанд ки дар он бояд аз вожаҳои “Малика”,”Худо”,”заношӯӣ” ва “сир” кор гиранд.

Ин достонак баранда шуда:

“Худоё, – гуфт малика, – ҳомилаам, аммо аз кӣ намедонам”


5. Дар озмуни кӯтоҳтарин зиндагинома миёни фаронсавиҳо,зане бо ин достонак баранда шуда:

“Пештар сурати соф доштаму пероҳани чурукида(бо чину шикан),ҳоло баръакс”


Рӯйхати ҳикояҳо

Дар ҳоҷатхона зиёд нишастан

Мақолаи қаблӣМакруҳ, муфсид ва харом
Мақолаи баъдӣЗамин курашакл аст! Пас чаро одамони дар поён буда намеафтанд?

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед