Дар ин саҳифа табрикнома барои Иди саиди Фитр, Иди Рамазон муборак 2024 оварда мешавад. Якчанд табрикот барои иди Рамазон аз сомонаи www.DONISH.su барои шумо, метавонед истифода баред >>

Бародарони азиз! Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Фитр табрик мегӯям! Ид муборак!
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.
Иди Азҳо расму ойини Халили озар аст,
Иди Фитр андар шариат суннати пайғамбар аст.
Ҳамдиёрони азиз! Шуморо ва аҳл хонадону пайвандонатонро бо муносибати фарорасии Иди Фитр табрику муборакбод мегӯям.
Аз Худованди мутаол ба Шумо пеш аз ҳама имони комил ва дили софу холӣ аз гуноҳҳо, саломатӣ, умри дарозу пурбаракат, оромиву осоиш, хонадони обод, зиндагии саршор пур аз хурсанди ва кушоиши корро таманно дорам! Бигузор дар ин рӯзи саид ҳамаи умеду орзуҳои некатон ҷомаи амал пӯшад.
Фарорасии Иди фитр муборак ҳамватанони азиз! Ба Шумо тани сиҳат, хонадони обод, рӯзгори осуда ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам. Худо моро то Рамазони оянда дар паноҳаш нигоҳ дорад.
(Номи ширкат) тамоми ҳамватанонро бо Иди сайиди Фитр муборакбод гуфта, бароятон қабули тоату бандагӣ ва тандурустиву хонаободиро таманно мекунад.
Дар ин рӯзи иди саид хушбахтӣ, баракат, рӯзгори босаодату ризқу рӯзии фаровон ёру ҳамроҳатон бод!
Иди Рамазон муборак!

Ҳамкорон, шарикон ва дӯстони азиз,
Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем.
Ба ин муносибат мо бо ин рӯзи Саид ҳамаи Шуморо табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд бароятон хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ, умри дароз, хушиҳои зиндагӣ, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу пурбаракатро орзу менамояд.
Иди Саиди Фитр муборак бошад!
Ҳамватанони гиромӣ!
Шуморо бо фарорасии айёми муборак — Иди Саиди Фитр аз самими қалб табрику таҳният гуфта, талабгори он ҳастем, ки дар ин моҳи муборак ҳар кори шоистаи ба анчомрасонидаатонро Худованди муттаол ба даргоҳаш қабул намояд.
Бигзор иди шарифи Рамазон ба ҳар хонадони шумо оромиву осоиш, файзу баракат, иқболу хушбахтӣ ва имони комил ҳадя намояд. Иди Рамазон муборак!


