Сураи Инфитор Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инфитор Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инфитор Ояти 11

كِرَامًا كَاتِبِيۡنَ ١١

Кироман котибӣн. 11.

11. Нависандагони гиромиқадранд,

Фариштаҳои муроқиб (нигаҳбон), ки масъули китобат кардани (навиштани) амалҳои шумоянд, назди Худованд бисёр қадру қиммати баланд доранд. Пас, барои эҳтироми ин фариштагони доимо ҳозир (кироманкотибин) назди онҳо аз корҳои қабеҳ худдорӣ бояд кард. Расули Худо (с) фармуда: “Кироманкотибинро ҳурмат кунед, ки онҳо як лаҳза аз шумо дурӣ наҷӯянд, магар дар ду ҳолат: Якум дар ҳолати ҷанобат ва дуввум дар ҳолати дохил шудан ба халоҷо. Пас, ҳар вақте ки ғусл мекунад паси деворе ё пушти уштури бордоре ё ба либосе, ки шуморо сатр (паноҳ) кунад худро паноҳ созед.” Бо тани урён дар хона ё берун, бе пӯшиши аврат (қисмҳои барои дидани дигарон мамнуъи бадани мард ё зан) ғусл кардан манъ аст. Аз малоик (фариштагон) ҳаё бояд кард, ки тарки шумо насозанд ва онҳо…


Рӯйхати оятҳои Сураи Инфитор «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инфитор Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инфитор Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)