Тафсири Сураи Инфитор Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инфитор Ояти 13
اِنَّ الۡاَبۡرَارَ لَفِىۡ نَعِيۡمٍۚ ١٣
Инна-л-аброра лафӣ наъӣм. 13.
13. Ҳаройина, некӯкорон дар неъматҳои Биҳишт бошанд.
Албатта, муъминони ботақво, ки аз ғазаби Худо тарсида аз маъсият (гуноҳ) парҳез карданд, дар он рӯз чунон хурсанду фараҳманд ҳастанд, ки дараҷаи хурсандии онҳоро бо сухан баён кардан имконнопазир аст. Онҳо (яъне муттақиён) аз неъматҳои Биҳишт бархурдоранд. Чунон неъматҳое, ки на чашм дидаву на гӯш шунидааст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инфитор «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «