Тафсири Сураи Инфитор Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инфитор Ояти 6
يٰۤاَيُّهَا الۡاِنۡسَانُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ الۡكَرِيۡمِ ٦
Йа айюҳа-л-инсану ма ғаррака би Раббика-л-карӣм. 6.
6. Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори бузургворат мағрур сохт?
Ин ояти карима барои шахсоне, ки аз фармони Худо сар мепечанду итоат намекунанд ва дар иҷро намудани амру фармони Ӯ сустӣ мекунанд, хитоб аст. Яъне, эй инсони ғофил! Чӣ чиз туро мағрур сохт? Оё шоиста аст, ки ба Парвардигори каримат ғурур кунӣ, нисбат ба Ӯ кибр варзӣ ва амру фармонҳояшро иҷро накунӣ? Дониста бош, агар тамоми молу мулки дунё аз они ту бошад, ҳам назди бузургии Аллоҳтаъоло ҳеҷ арзиш надорад. Нодон ва мағрур машав! Аз амру фармонҳои Парвардигорат сар матоб!.
Инчунин итоб аст барои инсонҳое, ки дар муқобили эҳсони Парвардигори худ исён меварзанд ва ба раҳимии Ӯ таъоло умед баста, аз ғазаби Ӯ таъоло дар фаромӯшианд. Ҳол он ки мазҳаби аҳли суннат валҷамоат талаб мекунад, ки инсон доимо аз раҳмати Худо умед дошта бошад (яъне дар ҳолати раҷо бошад) ва аз ғазаби Худо дар ҳолати хавф бошад. Ин ҳар ду ҳолатро (хавф ва раҷоро) доим баробар дошта бошад. Якеро гирифта, дигареро фаромӯш накунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инфитор «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «