Сураи Иншиқоқ Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Иншикок Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иншиқоқ Ояти 11

فَسَوۡفَ يَدۡعُوۡا ثُبُوۡرًا ١١

Фа савфа ядъу субуро. 11.

11. Пас, зуд аст, ки ҳалоки худро мехоҳад,

Ва аммо шахсоне, ки назди даргоҳи Худованд гунаҳгоранд, фариштагони иҷрокунандаи амри Парвардигор аз дидани рӯйи наҳси онҳо парҳез намуда, намехоҳанд онҳоро бубинанд, номаи аъмоли онҳоро аз пушти сар ё ба дасти чапи онҳо бидиҳанд. Баъди тақсимоти аъмолномаҳо онҳо бадбахтии худро мефаҳманд ва ҳамон лаҳза бо нидоҳои “во вайлато, во ҳасрато, эй кош, ин лаҳза хок-ҳалок мешудам ва аз азобу уқубат халос меёфтам” марги худро талаб мекунанд, вале аз афсӯсу надомати бемаҳал дигар фоидае нест. Ба азоби доимии Ҷаҳаннам маҳкум мегарданду…


Рӯйхати оятҳои Сураи Иншиқоқ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншиқоқ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иншиқоқ Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)