Сураи Иншироҳ – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инширох / Аш Шарх – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иншироҳ 94-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, он аз 8 оят иборат аст.

Ин сура давоми сураи “Зуҳо” буда, аз атоҳои Парвардигор ба Расулаш (с) аз қадру қиммат ва мақоми баланде, ки назди Аллоҳтаъоло дорад, сухан мекунад. Ин ҳама бар Расулуллоҳ (с) дар муқобили он бадиҳое, ки аз фоҷирон ба ӯ (с) мерасид тасаллӣ буда, хушнуд гардонидани хотираи шарифи Он ҳазрат (с) аст. Баъдан сураи муборак бори дигар олӣ будани манзилу мақоми Расулуллоҳ (с)-ро чи дар дунё ва чи дар охират, ба ояти 4-ум ишора мекунад.

Давоми сура ба Расулуллоҳ (с) аз ғалаба бар мушрикон, ки он вақт ба Он ҳазрат (с) ва муъминон озор медоданд, таъкидан хабари хуш мерасонад.

Хатми сура Расулуллоҳ (с)-ро ёдрас месозад, ки баъд аз таблиғи Ислом худро аз ҳама корҳо барои ибодат ва шукронаи Аллоҳтаъоло фориғ сохтан воҷиб аст. Ин аст назаре ба муқаддимаи сураи “Иншироҳ”.


Рӯйхати оятҳои Иншироҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зуҳо Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иншироҳ Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)