Тафсири Сураи Инсон Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инсон Ояти 21
عٰلِيَهُمۡ ثِيَابُ سُنۡدُسٍ خُضۡرٌ وَّاِسۡتَبۡرَقٌ وَّحُلُّوۡۤا اَسَاوِرَ مِنۡ فِضَّةٍ ۚوَسَقٰٮهُمۡ رَبُّهُمۡ شَرَابًا طَهُوۡرًا ٢١
Ъалияҳум сийабу сундусин хуЗру-в ва истабрақ. Ва ҳуллу асавира мин фиЗЗати-в ва сақоҳум Раббуҳум шаробан таҳуро. 21.
21. Бар тани онҳо аз дебои нозук ва шоҳии ғафс либосҳои сабз бошад ва онҳоро даствонаҳои нуқрагин пӯшонда шавад ва онҳоро Парвардигорашон шароби ниҳоят пок нӯшонад.
Либоси болопӯши ҷаннатиён аз матои фохираи шоҳивори сабз бошад, ки баъзе тунук ва баъзеи дигар ғафстар аст. Муқаррар аст либоси таҳпӯши онҳо шоҳии абрешими тунук аст. Ҳамчунин онҳоро дастмонаҳои нуқрагин пӯшонида шавад. Болои ин қадар неъмат Худованди мутаъол худаш онҳоро шароби тоҳир менӯшонад. Ин шароб мисли шароби дунё анҷомаш наҷас нест. Чун онро нӯшида шавад дар намуди арақ аз бадан хориҷ мегардад ва аз он бӯйи хуши мушк ба машом мерасад. Баъд аз ин барои онҳо эълон мешавад, ки:
Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «