Далели курашакл будани Замин бебаҳс аст. Донишмандон ҳанӯз чандин аср пеш онро собит намуданд. Аммо бисёриҳо сари он меандешанд, ки агар Замин курашакл бошад, одамони дар «поён» буда чаро намеафтанд? Дар воқеъ ин ба назар аҷиб менамояд.

Вақте олими асри III пеш аз милод Эратосфен андешаи курашакл будани Заминро пешниҳод кард, ба ӯ айнан чунин саволро доданд. Ӯ, ки сабабашро намедонист, ҷавоб дода натавонист. Аз ин рӯ, бисёриҳо ба ӯ бовар накарданд.
Чизе, ки боиси наафтидани одамон мебошад, ин қувваи ҷозиба аст ва онро Нютон дар соли 1666 собит намуд.
Самти ҷозиба ба маркази Замин равона аст ва мо дар кадом нуқтаи сатҳи Замин қарор дошта бошем, «боло» гуфта мо болои сарамонро дар назар дорем, зеро поямон ҳамеша дар Замин қарор дорад.
Агар замин чунин қувва намедошт, одамони дар «поён» буда меафтоданду одамони дар «боло» буда аз Замин канда шуда мерафтанд.



Барой онки дар он фазо кучу дорад