Сураи Исро Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 12

وَجَعَلْنَا اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ آيَتَيْنِ ۖ فَمَحَوْنَا آيَةَ اللَّيْلِ وَجَعَلْنَا آيَةَ النَّهَارِ مُبْصِرَةً لِتَبْتَغُوا فَضْلًا مِنْ رَبِّكُمْ وَلِتَعْلَمُوا عَدَدَ السِّنِينَ وَالْحِسَابَ ۚ وَكُلَّ شَيْءٍ فَصَّلْنَاهُ تَفْصِيلًا ١٢

Ва ҷаъална-л-лайла ва-н-наҳара аятаян. Фа маҳавна аята-л-лайли ва ҷаъална аята-н-наҳари мубсирата-л ли табтағу фаЗла-м ми-р-Раббикум ва ли таъламу ъадада-с-синӣна ва-л-ҳисаб. Ва кулла шай-ин фассалнаҳу тафсӣла. 12.

12. Ва гардонидем шаб ва рӯзро ду нишона, пас, нишонаи шабро маҳв кардем ва нишонаи рӯзро сабаби дидани шумо гардонидем, то аз Парвардигори худ талаби рӯзӣ кунед ва то шумори солҳо ва ҳисобро бидонед ва ҳар чизро бо тафсил баён кардем.

Худованд дар ин оят аз офариниши шабу рӯз, аз манфиъату баракати онҳо сухан ба миён оварда гуфтааст, ки Мо шабу рӯзро ҳамчун ду нишона аз нишонаҳое, ки бар вуҷуди ягонагии Мо далолат мекунанд, офаридаем.

Шабро торик ва рӯзро равшан гардонидем. Дар торик гардонидани шаб ва равшан сохтани рӯз ҳикматҳои бузурге вуҷуд доранд. Шабона ба истироҳат мепардозед. Дар рӯзҳо аз Парвардигор ризқу рӯзӣ талаб мекунед ва дар натиҷаи кӯшишу касб неъматҳои Ӯ таъолоро ба даст меоред ва аз онҳо истифода мебаред. Инчунин аз пайиҳам омадани шабу рӯз шумо ҳисоби рӯзҳо, моҳҳо ва солҳоро ба даст меоваред.

Дар охири ояти мазкур Худованд фармудааст, ки ҳама чизҳои вобаста ба дунё ва динро дар шакли содда возеҳ ва равшан баён кардаем. Дар офариниши мавҷудот, ҳеҷ тахмин ва тасодуф роҳ наёфтааст, балки ҳама чиз бо тадбири устувор, меъёр ва қонуни муқаррар офарида шудааст.

Барои маълумоти бештар ба мазмуни ояти 37-38-уми сураи «Ёсин» ва ба ояти 61-62-уми сураи «Фурқон» ва ба ояти 71-72-73-уми сураи «Қасас» ва ба дигар оятҳои монанд ба ин оят муроҷиъат шавад, иншоаллоҳ, маънои ояти мазкурро пурра фаҳмидан мумкин.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)