Сураи Исро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 13

وَكُلَّ إِنْسَانٍ أَلْزَمْنَاهُ طَائِرَهُ فِي عُنُقِهِ ۖ وَنُخْرِجُ لَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ كِتَابًا يَلْقَاهُ مَنْشُورًا ١٣

Ва кулла инсанин алзамнаҳу таираҳу фӣ ъунуқиҳ. Ва нухриҷу лаҳу явма-л қийамати китаба-й ялқаҳу маншуро. 13.

13. Ва номаи амали ҳар инсонро дар гардани ӯ қарор додем. Ва рӯзи қиёмат он номаро барои ӯ берун орем, онро кушодашуда бинад.

Муносибати ояти мазкур ба ояти қаблӣ, валлоҳу аълам, дар он аст, ки дар ояти қаблӣ барои амали дунёгӣ аз ҳисоб сухан рафт. Ҳоло бошад дар ояти мавриди баҳс сухан аз ҳисоби амалҳои инсон дар рӯзи қиёмат рафта аст.

Номаи амалҳои ҳар инсон, хоҳ нек бошанду хоҳ бад, бо ӯ ҳамроҳ аст, мисли гарданбанд дар гарданаш овезон аст ва то Қиёмат ҳаргиз аз ӯ ҷудо намешавад. Агар некбахт бошад, рӯзи Қиёмат он номаро ба дасти рости ӯ медиҳанд. Ва агар бадбахт бошад, ба дасти чапи ӯ дода мешавад. Он рӯзи Қиёмат номаи амалҳо барои ҳар инсон кушода намоён карда мешавад ва ӯ аз амалҳои худ бохабар мегардад.

Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Аҳмад (р) аз Ибни Исҳоқ ва дар охир аз Ақаба ибни Омир (р) омадааст, ки амалеро, ки ҳар рӯз иҷро карда мешавад дар охири он муҳр гузошта мешавад. Чун бандаи муъмин бемор мешавад, фариштагон мегӯянд: Парвардигоро! Бандаи Туро беморӣ аз тоъату ибодат боз доштааст. Парвардигори азза ва ҷалла мефармояд, ки монанди амале, ки дар ҳоли саломатиаш анҷом дода буд, барояш нависеду муҳр занед, то ин ки шифо ёбад, ё аз олам чашм пӯшад.

Хулоса, чун инсон саҳифаҳои амалҳои худро кушода мебинад, аз дидани савобҳо ва некиҳои худ шод ва аз мулоҳизаи бадиҳо ва гуноҳони хеш нороҳат мешавад, зеро дар Қиёмат ба ҳар инсон…


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)