Тафсири Сураи Исро Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 20
كُلًّا نُمِدُّ هَٰؤُلَاءِ وَهَٰؤُلَاءِ مِنْ عَطَاءِ رَبِّكَ ۚ وَمَا كَانَ عَطَاءُ رَبِّكَ مَحْظُورًا ٢٠
Куллан-н-нумидду ҳаулаи ва ҳаулаи мин ъатаи Раббик. Ва ма кана ъатау Раббика маҳзуро. 20.
20. Ҳар яке аз ин гурӯҳ ва он гурӯҳро аз бахшиши Парвардигори ту пай дар пай баҳра медиҳем. Ва бахшиши Парвардигори ту боздошташуда нест.
Худованд дар ин оят фармудааст, ки ба ҳар гурӯҳ (онон, ки дунёро мехоҳад ва онон, ки охиратро меҷӯянд) аз фазл ва бахшиши беканори Худ неъмати дунё медиҳем. Яъне, Худованд бинобар ҳикмате, ки Худ медонад, ба муъмину кофир, фармонбардору саркаш неъмати дунёро мебахшад. Локин ба неъматҳои дунё ноил шудани кофирон ва гунаҳкорон нишонаи он нест, ки амалҳои бади онҳо мақбули Худованд аст.
Ҳеҷ кас аз инсонҳо бахшиши Худовандро аз муъмин ва кофир боздошта наметавонад. Бояд донист, ки Худованд Розиқи кулли мавҷудот буда, неъматаш кам нашуда, ҳар зиндаро ризқ медиҳад.
Хулоса, Худованд ҳама бандагони Худро, хоҳ онҳо имон доранду толиби охиратанд ва хоҳ бе имонанду гунаҳгору габру тарсоанд, аз неъматҳо ва ризқу рӯзии дунё мувофиқи ҳикмати Худ, то вақте, ки ҳастанд, бархурдор мегардонад.
Эй Кариме, ки аз хазонаи ғайб,
Габру тарсо вазифахӯр дорӣ.
Дӯстонро куҷо кунӣ маҳрум,
Ту, ки бо душманон назар дорӣ.
(Саъдӣ)
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «