Тафсири Сураи Исро Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 19
وَمَنْ أَرَادَ الْآخِرَةَ وَسَعَىٰ لَهَا سَعْيَهَا وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَٰئِكَ كَانَ سَعْيُهُمْ مَشْكُورًا ١٩
Ва ман арода-л-ахирата ва саъа лаҳа саъяҳа ва ҳува муъминун фа улаика кана саъюҳум-м машкуро. 19.
19. Ва ҳар кас савоби охиратро бихоҳад ва барои он саъйе кунад, саъйе, ки лоиқи он аст ва ӯ мусалмон бошад, пас, онҳо касонеанд, ки саъйи онҳо мақбул (қадршуда) аст.
Ҳар кас барои хушнудии Худованд ва барои дарёфти савоби охират, бо нияти нек дар роҳе, ки Пайғамбар (с) нишон додааст, ҷиду ҷаҳд ба харҷ диҳаду амал кунад ва агар мусалмон бошад, амали ӯ ҳаргиз зойеъ нашуда дар боргоҳи Худованд бо хубӣ қабул мегардад ва мавриди ҳақшиносии Парвардигор воқеъ хоҳад шуд. Барои бартараф намудани фикри нодурусте ки неъматҳои дунё гӯё танҳо насиби дунёпарастон аст ва охиратталабон аз неъматҳои дунёи маҳруманд, Худованд дар ояти зер чунин гуфтааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «