Тафсири Сураи Исро Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 32
وَلَا تَقْرَبُوا الزِّنَا ۖ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاءَ سَبِيلًا ٣٢
Ва ла тақрабу-з зина. Иннаҳу кана фаҳишата-в ва саа сабӣла. 32.
32. Ва ба зино наздик машавед, ба дурустӣ ки (зино) амали зишт ва беҳаёист. Ва (он) роҳи бад аст.
Ояти мазкур яке аз гуноҳони бузургро баён карда фармудааст, ки шумо ба муқаддимаҳое, ки ба зино бурда мерасонад, наздикӣ накунед, чӣ бӯсуканор бошад, чӣ суханҳои махсус бошад, чӣ ҳаракат бошад. Маълум аст, ки наҳй аз чунин корҳо ба тариқи авло наҳй аз зино аст. Зинокорӣ бисёр кори зишт ва таҷовуз аз ҳадди шаръӣ аст. Зеро ба омехта шудани насл бурда мерасонад. Мард бо умед аст, ки ин фарзанди ман аст, ҳол он ки бо сабаби хиёнати завҷааш фарзанди таваллудшуда аз дигар мард аст. Ҳақиқат дар ин дунё ошкор нашавад ҳам, дар қиёмат, албатта, ошкор хоҳад шуд. Дар ҳадиси шариф омадааст: “Баъд аз ширк, ҳеҷ гуноҳе назди Худованд бузургтар аз он нест, ки марде нутфа (сперма)-и худро дар раҳме қарор диҳад, ки барояш он раҳм, ҳалол нест.” Маълум аст, ки пеш аз он ки мард, ё зан дар ин кори шармовар олуда шаванд, ғолибан дар аввал ё ба тадриҷ чандин амалҳоро иҷро мекунанд. Масалан, вақто ки бо ҳам вомехӯранд, аз дур чашмпарронӣ мекунанд, ё зан нимбараҳна, ё бе ҳиҷоб мегардад, ё китобҳои бадомӯз, филмҳои олудаи пур аз фаҳшу фоҳишаро, ё нашриёти фосидро тамошо мекунанд. Будани марду зани номаҳрам дар як утоқи холӣ, ё тарки издивоҷ барои ҷавонон, ҳар яке аз амалҳои зикршуда муқаддимаҳои зинокорӣ аст. Дар ҷомеъае, ки аъзоёни он нисбат ба тарбияи динӣ, ахлоқӣ ва алоқаи ҷинсии ғайришаръӣ (зино) ва амалҳое, ки ба он наздик миекунанд, бепарво бошанд, фасод ва таназзул оғоз мегардад.
Натиҷаи ин бепарвоӣ ба афзоиши беҳаёӣ, дурӯғгӯӣ, бевафоӣ, зиёд шудани фарзандони номашрӯъ, фитна, дуздӣ, роҳзанӣ ва қатлу ғорат меорад. Ин омилҳо сабаб мегарданд, ки илм, фарҳанг, одоб, ахлоқ ва интизом рӯ ба таназзул оранд ва асосҳои давлат ва миллат нопойдор гарданд ва ҳатто миллатҳо аз байн раванд. Ҳазрати Алӣ (к) гуфтаанд: “Дар зинокорӣ шаш хислати бад аст, сеи он дар дунё ва сеи дигари он дар охират маълум мешавад. Он се, ки дар дунёст: Аввал нур аз рӯйи зинокорон мепарад (онҳо нури рӯй надоранд). Дуввум сабаби бебаракатӣ дар ризқу рӯзӣ мешавад. Севум ин, ки сабаби нобудшавии инсонҳо аз балоҳои фавқуллода мегардад. Аммо он се, ки дар охират аст, аввал ба ғазаби Парвардигор дучор мегардад, дуввум аз зинокор ҳисоби сахт гирифта мешавад, севвум шахси зинокор дохили Дӯзах мегардад.
Ояти зер ҳурмати хуни инсонро баён карда ноҳақ резонидани онро манъ мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «