Сураи Исро Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 31

وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ خَشْيَةَ إِمْلَاقٍ ۖ نَحْنُ نَرْزُقُهُمْ وَإِيَّاكُمْ ۚ إِنَّ قَتْلَهُمْ كَانَ خِطْئًا كَبِيرًا ٣١

Ва ла тақтулу авладакум хашята имлақин-н-наҳну нарзуқуҳум ва иййакум. Инна қатлаҳум кана хитан кабӣро. 31.

31. Ва аз тарси тангдастӣ авлод (тифлҳо)-и худро макушед. Мо ба онҳо ва ба шумо рӯзӣ медиҳем, ҳаройина, куштани онҳо гуноҳи бузург аст.

Худованде, ки барои бандагони Худ аз падару модар меҳрубонтар аст, дар ин оят бо таври умум аз яке амалҳои зишти замони ҷоҳилияти арабҳоро, ки пеш аз Ислом доштанд, барои бандагони худ хабар дода фармон додааст, ки шумо фарзандони худро аз тарси он, ки ризқу рӯзии онҳоро таъмин карда наметавонед, ё хавф доред, ки будани фарзандон шуморо нодор (камбағал) мегардонад, онҳоро қатл накунед! Ризқу рӯзидиҳандаи онҳо шумо нестед. Шумо ва онҳоро Мо ризқу рӯзӣ медиҳем. Донед, ки куштани фарзандон бо кадом роҳе, ки набошад, гуноҳи кабира (бузург) аст. Арабҳо пеш аз Ислом бо сабаби камбағалӣ ва надоштани имконияти таъмини иқтисодии зиндагии духтарон, ё он, ки духтарон танҳо масрафкунандаанд ва оянда мисли писарон ба падару модар даромади иқтисодӣ намедиҳанд, ё он ки ҳангоми ҷанги байни қабилаҳо духтаронашон мумкин асир гарданд ва ба номуси онҳо таҷовуз шавад (ва ғайра) дар хурдсолӣ духтарони худро зинда ба гӯр, ё дар чоҳҳои дур аз деҳа андохта нобуд мекарданд. Ин амали ваҳшатбору ҷоҳилона ва дур аз ақли солими онҳо натиҷаи беимонии онҳо ва фосид будани ақидаашон буд. Онҳо намедонистанд, ки Розиқи ҳамаи махлуқот Худованди яктост. Баъди фармони фарзандони худро ба қатл нарасонидан, фармони дигаре дар бораи зино, дар ояти зер зикри худро ёфтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)