Тафсири Сураи Исро Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 41
وَلَقَدْ صَرَّفْنَا فِي هَٰذَا الْقُرْآنِ لِيَذَّكَّرُوا وَمَا يَزِيدُهُمْ إِلَّا نُفُورًا ٤١
Ва лақад саррафна фӣ ҳаза-л-Қур-ани ли яззаккару ва ма язӣдуҳум илла нуфуро. 41.
41. Ва ба дурустӣ ки Мо дар ин Қуръон гуногун баён кардем, то пандпазир шавед, вале дар ҳаққи онҳо ҷуз рамидан чизеро намеафзояд.
Эзоҳи оятҳое, ки барои ҳалли масъалаи тавҳид ва масъалаи ширк алоқа доштанд, мувофиқи услуби ин сура ба поён расид. Барои огоҳии мушрикон Худованд думболи онҳо дар ин оят гуфтааст, ки ба ростӣ Мо дар Қуръон барои ёдрасу гӯшзади мушрикон ҳаргуна ваъзу насиҳат, мисолҳои ҳушдору муждадиҳанда, далелҳову баёноти таъсирнокро овардем, то ин ки онҳо панд гиранд ва дар роҳи ҳақ қадам бардоранд, ва шояд чароғи тавҳид дар дили ин кӯрдилон фурӯзон шавад.
Локин панду насиҳати оятҳои қуръонӣ дар онҳо ба ғайр аз нафрат ва аз Ҳақ гурехтан чизи дигареро наафзуд. Бо ибораи дигар: Худованд гуфтааст, ки Мо дар Қуръон, суханҳо ва мисолҳоро бо равишу оҳанг ва тартибе ба такрор овардем, то ин ки мардум панд гиранд ва ақлашонро ба кор андозанд, роҳи тадаббуру тафаккури дар оятҳои Қуръонро пайдо кунанд ва ботил будани он чиро, ки мегӯянд, фаҳм кунанд. Лекин нияти баъзе аз онҳо, ки ботил аст, аз шунидани ингуна суханҳо ба ғайр аз рамидан чизи дигаре дар онҳо пайдо намешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «