Сураи Исро Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 42

قُلْ لَوْ كَانَ مَعَهُ آلِهَةٌ كَمَا يَقُولُونَ إِذًا لَابْتَغَوْا إِلَىٰ ذِي الْعَرْشِ سَبِيلًا ٤٢

Қул лав кана маъаҳу алиҳатун кама яқулуна иза-л лабтағав ила зи-л-Ъарши сабӣла. 42.

42. Бигӯ: «Агар, чуноне ки мегӯянд, бо Худо маъбудони дигар мебуданд, онгоҳ ба сӯйи Худованди Арш роҳи рақобатро талаб (ҷустуҷӯ) мекарданд».

Ояти мазкур даъвои мушриконро, ки мегӯянд: «Ба ғайр аз Худо «худоёни» дигаре низ ҳастанд», ва онҳоро шарики Худо мепиндоранд, рад менамояд. Дар ин оят Худованд ба Пайғамбари Худ (с) хитоб намудааст, ки ба он мушрикон бигӯ, ки фаразан, чуноне ки шумо мегӯед, агар ба ғайр аз Худованди таъоло худоёни дигаре бошанд, дар он сурат, чуноне ки қудратмандон дар дунё низоъ мекунанду дигаронро шикаст дода, яке аз онҳо ғалаба мекунад ва бар сари қудрат меояд, онҳо низ, алайҳи Худованди Арш меҷангиданд, ҳаракат мекарданд, ки ғалабаро ба даст оварданд ва мулки Ӯро соҳиб шаванд. Муфассирон дар шарҳи ояти мазкур асосан ду фикрро баён кардаанд, мо фикри аллома Абӯсаудро баён намудем, ки бо маънои ояти баъдӣ мувофиқтар аст.

Хулоса, барои ба Худованд наздик шудан, байни Худо ва бандааш ҳеҷ миёнрав лозим нест. Воситаи асосии ба Худо наздик шудан танҳо имон ва амали солеҳи инсон аст, яъне имон ба Худои якка ва ягона, ба пайғамбар будани Муҳаммад (с), накӯкорӣ ва парҳезгорист.

Ояти зер ин маъноро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)