Тафсири Сураи Исро Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 52
يَوْمَ يَدْعُوكُمْ فَتَسْتَجِيبُونَ بِحَمْدِهِ وَتَظُنُّونَ إِنْ لَبِثْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا ٥٢
Явма ядъукум фа тастаҷӣбуна би ҳамдиҳӣ ва тазуннуна ил-лабистум илла қалӣла. 52.
52. Рӯзе, ки Худо шуморо бихонад, пас, хондани Вайро ҳамдгӯён қабул мекунед ва гумон мекунед, ки даранг накарда будед (дар дунё) магар андаке аз вақт».
Дар ин оят баъзе хусусияти рӯзи Қиёмат зикр шуда Худованд фармудааст, ки рӯзе, ки шуморо аз қабрҳоятон ба сӯйи маҳшар (майдони ҷамъшавӣ) фаро мехонад, мехоҳед ё не, даъвати Ӯро ҳамдгӯёну лабайкгӯён иҷобат (қабул) мекунед. Дар он асно агар аз шумо пурсида шавад, ки дар дунё, ё дар олами Барзах (ҳаёти дар қабр гузашта) чӣ миқдор зиндагонӣ кардед? Дар посух ҳатман мегӯед, ки дар он ҷо андак умр ба сар бурдем. Бо ибораи дигар: Рӯзи Маҳшар (Қиёмат) Худованди таъоло аз Одам (а) то охирон касе, ки дар дунё зиндагонӣ кардааст, яъне, ҳама халоиқро ба ҳузури Худ мехонад. Чун онҳо бо нидои Парвардигор аз қабрҳояшон мехезанд, аз тарсу ваҳму даҳшати он рӯз ба ғайр аз Алҳамдулиллоҳ Алҳамдулиллоҳ гуфтан дигар сухане дар забонашон намеояд. Чун инсон он даҳшатро мебинад, гумон мекунад, ки дар дунё чандоне зиндагонӣ накардааст. Барои маълумоти бештар муроҷиат ба ояти 46-уми сураи «Нозиъот» ва дигар оятҳое, ки ҳаммаънои ин оятанд, тавсия мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «