Сураи Исро Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 53

وَقُلْ لِعِبَادِي يَقُولُوا الَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ إِنَّ الشَّيْطَانَ يَنْزَغُ بَيْنَهُمْ ۚ إِنَّ الشَّيْطَانَ كَانَ لِلْإِنْسَانِ عَدُوًّا مُبِينًا ٥٣

Ва қул ли ъибадӣ яқулу-л-латӣ ҳия аҳсан. Инна-ш-шайтона янзағу байнаҳум. Инна-ш-шайтона кана лил инсани ъадувва-м мубӣна. 53.

53. Ва бандагони Маро бигӯ, ки калимаеро (ба кофирон) бигӯянд, ки он беҳтар аст. Ҳаройина, шайтон миёни мардум низоъ меафганад. Ҳамоно, шайтон душмани ошкорои одамӣ аст.

Аз он рӯзе, ки шайтон тарки амри Худованд карду аз Ҷаннат ронда шуд, барои Одам (а) ва авлоди ӯ (а) ошкоро душмании худро эълон кард. Ҳоло Худованди таборак ва таъоло банда ва расули Худ Муҳаммад (с)-ро амр кардааст, ки ба бандагони муъмин бигӯ, ки чун бо ҳамдигар гуфтушуниду бо ҳам суҳбат мекунанд, суханҳои нарму мулоим, хубу ширину бо маъно ва меҳрафкан гӯянд. Вагарна шайтон бекор нест, дар камин нишастааст, метавонад ҳар замон байни онҳо низоъу душманӣ андозад. Ба хусус дар ҳолати мулоқот бо мушрикон, ё бо душманон бояд бо равиши саҳеҳ бо мантиқи қавӣ, бо фазоили ахлоқ ва бо нигаҳдошти иззати нафси инсонӣ гуфтугӯ кард, то мактаби олӣ ва одоби беҳтарини мусалмонон писанди онҳо шавад. Вагарна суханҳо бе таъсир ва ба ҷои лутфу муҳаббат кинаву хусумат пайдо хоҳад шуд. Зеро шайтон, чуноне ки гуфтем, ошкоро душмани инсонҳои боинсофу ислоҳкор аст. Барои дафъи васвасаву фасоду фитнаҳои шайтон, бояд муъминон ба маънои ояти мазкур ҳамавақт амал кунанд. Сабаби нузули ояти мазкурро Имом Қуртубӣ дар тасфири худ чунин гуфтааст: «Замоне буд, ки мусалмонҳои дар Макка буда аз дасти мушрикон озору шиканҷа медиданд. Онҳо бо исрор аз Расулуллоҳ (с) иҷозаи ҷиҳод мепурсиданд. Пайғамбар (с) мефармуд, то ҳол ҷиҳод ба ман фармуда нашудааст.» Дар ин ҳангом ояти мазкур нозил шуд, ба онҳо дастур дода шуд, ки бо душманон танҳо бо суханҳои далелу ҳуҷҷатдор ва мантиқан қавӣ мубориза кунанд. Бо ривояти Имом Аҳмад аз Абӯҳурайра (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) наҳй (манъ) карда фармудаанд: “Ҳаргиз яке аз шумо ба сӯйи бародари муъмини худ, бо силоҳе дар даст дорад, нишон гирифта, ишора накунад. Зеро мумкин аст шайтон ӯро васваса кунаду даст ба тугмачаи яроқаш расад, тир параду бародари худро ба ҳалокат ва худро ба Дӯзах расонад.” Оре! сухани носанҷида ҳам чунин аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)