Тафсири Сураи Исро Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 67
وَإِذَا مَسَّكُمُ الضُّرُّ فِي الْبَحْرِ ضَلَّ مَنْ تَدْعُونَ إِلَّا إِيَّاهُ ۖ فَلَمَّا نَجَّاكُمْ إِلَى الْبَرِّ أَعْرَضْتُمْ ۚ وَكَانَ الْإِنْسَانُ كَفُورًا ٦٧
Ва иза массакуму-З-Зурру фи-л-баҳри Залла ман тадъуна илла иййаҳ. Фа ламма наҷҷакум ила-л барри аъраЗтум. Ва кана-л-инсану кафуро. 67.
67. Чун дар дарё ба шумо сахтӣ бирасад, касеро, ки ба ғайри Худо мехондед, фаромӯш мекунед. Пас, чун шуморо ба сӯйи хушкӣ халос сохт, бозмегардед ва одамӣ бисёр носипос аст.
Ояти мазкур бо тарзи дигаре аз тавҳид (ягонагии Худованд) далел оварда гуфтааст, ки фаромӯш накунед ҳангомеро ки пардаҳои тақлидӣ, ё таасуби бутпарастӣ ақли шуморо пӯшида буд, сафари дарёро пеш гирифтед. Ҳангоми сафар тӯфон хест ва бими садамаи дарёӣ ва ғарқ шудан ҳар лаҳза шуморо таҳдид мекард. Он пардаҳои ширк, хоҳаму нохоҳам, канор рафтанд, нури яктопарастӣ дили шуморо ҷило дод, дар он сурат фақат Худои ягонаро фарёдрасу наҷотбахши худ хондед ва дигар ҳама маъбудҳое, (худоҳое), ки хоҳ бут буданд, ё ҷин, ё инс, ё фаришта аз фикратон фаромӯш шуданд. Дар он ҳолат бо он имони фитрие, ки доштеду он паси пардаҳои тақлидӣ паноҳ монда буд, яқин кардед, ки ба ғайр аз Худованди якто ҳеҷ чизе нест, ки ин балоҳоро аз саратон дур карда тавонад. Вақто ки Худованд бо лутфу меҳрубонӣ ва бо қудрати Худ шуморо аз талотуми тӯфони дарё наҷот дод, (усулан, ки инсон носипосаст шукронаи неъматро ба ҷо оварда наметавонад ва куфрони неъмат мекунад), боз шумо фаромӯшкорон, дар пайи саргармиҳои зиндагонӣ шудед, гарду ғубори гуноҳ, пардаи ширк ақли шуморо бори дигар пӯшид, аз наҷотдиҳандаи худ рӯ гардонидед, боз аз пайи бутпарастии худ шудед.
Дар тафсири Ибни Касир мисоли воқеъӣ бо таври истисно, чунин омадааст: «Икрима писари Абӯҷаҳл (л) рӯзи фатҳи Макка ба қасди шаҳри Ҳабаш фирор карда савори киштӣ шуд. Баъди чанде роҳ рафтан тундбоди болои дарё ба талотум бархост, кишти нишастагонро таҳдиди ғарқ шудан кард. Сарнишинони киштӣ бо якдигар машварат карда гуфтанд: «Ҳоло ҳеҷ нерӯе наметавонад ин балоро аз мо дафъ кунад, магар ин, ки барои наҷоти худ ҳамаи мо бо ихлоси том, назди Худованди ягона дуъо кунем». Дар ин ҳангом Икрима ба худ гуфт: «Қасам ба зоте, ки чи дар дарё ва чи дар хушкӣ, ба ғайри Ӯ касе ба кор намеояд, ба ту аҳд мебандам, ки агар маро аз ин вартаи ҳалокат наҷот диҳӣ, меравам дастамро дар дасти Муҳаммад (с) мегузорам. Шояд, ки Ӯро бо меҳрубонӣ дарёбам». Пас, ӯ (р) чун аз хавфи дарё наҷот ёфт, назди Расулуллоҳ (с) рафт, Ислом овард ва Исломи ӯ басо пойдор буд.» Худованд аз чунин инсони сипосгузори асилу ростқавл розӣ шавад. Омин!
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «