Сураи Исро Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 69

أَمْ أَمِنْتُمْ أَنْ يُعِيدَكُمْ فِيهِ تَارَةً أُخْرَىٰ فَيُرْسِلَ عَلَيْكُمْ قَاصِفًا مِنَ الرِّيحِ فَيُغْرِقَكُمْ بِمَا كَفَرْتُمْ ۙ ثُمَّ لَا تَجِدُوا لَكُمْ عَلَيْنَا بِهِ تَبِيعًا ٦٩

Ам аминтум ая юъӣдакум фӣҳи таратан ухра фа юрсила ъалайкум қасифа-м мина-р-рӣҳи фа юғриқакум би ма кафартум сумма ла таҷиду лакум ъалайна биҳӣ табӣъа. 69.

69. Оё аз он эмин шудаед, ки шуморо бори дигар дар дарё бозгардонад, пас, аз бодҳо боди сахтеро бар шумо бифиристад, пас, шуморо ба сабаби он, ки носипосӣ кардед, ғарқ гардонад, сипас, ба сабаби он ғарқ барои худ, бар Мо ҳеҷ бозхосткун (интиқомгир)-анда наёбед?!

Худованд ба шахсоне, ки дар ҳолатҳои тангӣ, ё дар ҳолати хатар, ё дар бемориҳои шадид аз Худои Ягона наҷот мепурсанду ҳамин, ки наҷот ёфтанд боз сари худро ба остонаи бутҳо ба саҷда мениҳанд, ҳушдор дода гуфтааст, ки эй касоне, ки ҳангоми хатар дар дарё ба ягонагии Мо иқрор мешавед ва чун ба хушкӣ саломат расидед, боз ба остонаи бутҳо меравед, агар бори дигар шумо сафари дарё кунед, Худованд барои ғарқ кардани шумо, тундбоди ҳалоккунандаро ба суроғи шумо бифиристад, оё боварӣ доред, ки чизе, ё касеро пайдо карда метавонед, ки ба ёрии шумо шитобад ва ҷуръат кунаду дар баробари ончи бо шумо кардем, Моро мавриди таъқиб қарор диҳад ва интиқоми шуморо аз Мо гирад? Ҳаргиз!

Хулоса, имон ба Худо, ибодат, тавба ва таслим ин ҳама назди Парвардигор дар сурате арзиш доранд, ки доимӣ ва пойдор бошанд. Аммо имону пушаймонӣ ва тавбаи мавсимӣ ва ибодатҳои мавсимӣ, ё Худоро ба ёд овардан дар шароити маҷбурӣ ва дар ҳолати эминӣ Худоро фаромӯш кардан бисёр беарзиш ва камфоидааст. Магар шахсе бурд мекунад, ки дар он асно аз ҷаҳолати худ пай барад ва ҳамин, ки Худованд ӯро аз вартаи ҳалокат наҷот дод, тавбаву надомат кунад ва ибодати худро идома диҳад. Зеро сифати шахсони бо имон ин аст, ки чи тани сиҳат доранд ё беморанд, чи дар бало гирифторанд, чи дар осоиш қарор доранд, чи дар қаҳатӣ, чи дар зиндон, чи дар озодӣ, чи дар ҳолати фақирӣ, чи дар сарватманди чи дар сафар, чи дар ватан, ин ҳолатҳо ақида ва амали онҳоро тағйир намедиҳад. Онҳо ҳамеша бо ёди Худованд буда, дар тоъату ибодат мекӯшанд.

Аллоҳ таъоло фарзанди одамро, чуноне ки ояти зер ишора дорад, азизу мукаррам офаридааст, аммо бисёри инсонҳо ба қадри ин неъмат намерасанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)