Тафсири Сураи Исро Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 71
يَوْمَ نَدْعُو كُلَّ أُنَاسٍ بِإِمَامِهِمْ ۖ فَمَنْ أُوتِيَ كِتَابَهُ بِيَمِينِهِ فَأُولَٰئِكَ يَقْرَءُونَ كِتَابَهُمْ وَلَا يُظْلَمُونَ فَتِيلًا ٧١
Явма надъу кулла унасин би имамиҳим. Фа ман утия китабаҳу би ямӣниҳӣ фа улаика яқрауна китабаҳум ва ла юзламуна фатӣла. 71.
71. Рӯзе ки ҳар фирқаро бо имом (пешво)-и худ бихонем, пас, ҳар киро номаи аъмоли ӯ ба дасти рости ӯ дода шавад, пас, он мардум номаи худро бихонанд ва (мебинанд, ки) миқдори фатиле (сари сӯзане) ситам карда нашаванд.
Худованд дар аввали ояти мазкур хабар додааст, ки рӯзи Қиёмат рӯзест, ки ҳама инсонҳо ҳамроҳи, «имом» ашон ба маҳшаргоҳ даъват мешаванд. Калимаи арабии «имом»-е, ки дар ояти мазкур истифода шуда аст, чӣ маъно дорад? Муфассирон дар шарҳи он ихтилофи назар доранд. Баъзе имом, яъне пайғамбарони онҳо гуфтаанд. Баъзе дигар имомро пешвои ҳидоятгар ё пешвои гумроҳкунанда гуфтаанд. Бисёрии муфассирон «имом»-ро чун номаи амалҳо (аъмол) шарҳ додаанд, аз он ҷумла, пешвои муфассирон Абдуллоҳ ибни Аббос (р) чунин гуфтааст: «Имом амали имлошударо гӯяд».
Ба назардошти нуқтаи назари бисёрии муфассирон шарҳи ояти мазкур ба таври зайл аст.
Рӯзе, ки (яъне рӯзи қиёмат) даъват кунем ҳар фирқа (гурӯҳ)-ро бо имом (яъне ҳамроҳи номаи амалҳояшон) ба маҳшаргоҳ (майдони ҷамъшавӣ). Яъне ба ёд ор рӯзеро, ки ҳамаи мардумро гурӯҳ-гурӯҳ бо номаи амалҳояшон ба майдони ҷамъшавӣ даъват мекунем. Оре! Рӯзи Қиёмат рӯзест, ки Худованд ҳамаро аз нав зинда карда, дар маҳшаргоҳ ҷамъ мекунад ва ба дасти ҳар кас номаи амалҳояш дода мешавад. Пас, некбахтоне, ки номаи амалҳояшонро ба дасти рост мегиранд, онро мехонанд ва мебинанд, ки ба андозаи нафистарин пардае, ки байни пӯсти хурмо ва донаки ӯ ҳаст, ё миқдори сари сӯзан ба онҳо ситам карда нашудааст ва он аз аҷр (подош)-у савоб пур аст. Онҳо мефаҳманд, ки аҳли Биҳиштанд ва чунон хурсанд мешаванд, ки ҳадду канор надорад. Бо ривояти Абӯбакр Баззор (р) аз Суддӣ ва ӯ аз падараш ва падараш аз Абӯҳурайра (р) ҳадисеро ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Рӯзи қиёмат яке аз фарзандони одам фаро хонда мешавад ва номаи аъмолашро ба дасти росташ медиҳанд. Онгоҳ пайкараш бузургу баланд ва рухсораҳояш сафед мешавад ва бар сари ӯ тоҷи дурахшони марворидӣ ниҳода мешавад. Сипас, ӯ ба сӯйи ёронаш бармегардад, чун онҳо аз дур он чи дар дасти ӯст (китобро) мебинанд, мегӯянд: «Бор Худоё! Ӯро назди мо биёр ва барои мо ба сабаби ӯ баракат деҳ». Пас, назди онҳо меояд ва ба онҳо мегӯяд: «Мужда бод шуморо! Барои ҳар яки аз шумо он чи дар ман дидаед, насиб аст». Аммо кофир. Дар он ҳолат чеҳрааш сиёҳгардонидашуда пайкари ӯ низ калон гардонида мешавад, пас ёронаш ӯро мебинанд, мегӯянд: «Паноҳ мебарем ба Худо аз бадии ӯ. Бор Худоё! Ӯро назди мо наёр, Ӯро аз мо дур кун!». Аммо ӯ назди онҳо меояд ва мегӯяд: «Худо шуморо дур гардонад. Барои ҳар яки аз шумо монанди ман насиба аст». Барои маълумоти бештар ба ояти 31-уми сураи «Қасас» ва ба ояти 19-уми сураи «Ҳоққаҳ» муроҷиат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «