Тафсири Сураи Исро Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 72
وَمَنْ كَانَ فِي هَٰذِهِ أَعْمَىٰ فَهُوَ فِي الْآخِرَةِ أَعْمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلًا ٧٢
Ва ман кана фӣ ҳазиҳӣ аъма фа ҳува фи-л-ахирати аъма ва аЗаллу сабӣла. 72.
72. Ва ҳар кӣ дар ин дунё кӯр бошад, пас, вай дар охират низ кӯр аст ва гумроҳ аст.
Худованд дар ин оят хабар додааст, ки ҳар касе, ки дар ин дунё кӯр бошад, яъне чашми ӯ биност, локин чашми хираду, биноии маънавиёташ кӯр аст, ки ҳуҷҷату далелҳои ошкорои Парвардигорро намебинад, роҳи ҳидоят ва роҳе, ки ӯро ба Биҳишт мебарад дида наметавонад ва он чиро, ки мояи ҳидоят ва ибратгирист, намехоҳад бинад. Чунин шахс дар охират кӯртар аст.
Хулоса, касе, ки аз рӯйи беимонӣ гуноҳ мекунад ва дар ҳолати беимонӣ аз дунё мегузарад, дар қиёмат аз сарсонии дунё дида бадтар сарсону ҳайрон аст.
Барои маълумоти бештар аз оёти 124 то 136-уми сураи «То ҳо» муроҷиъат шавад. Дар ин дунё кӯрҳои маънавӣ касоне ҳастанд, ки ба кӯрии худ кифоя накарда, чуноне ки ояти зер ишора дорад, мехоҳанд дигаронро аз роҳи рост ба бероҳа баранд. Гурӯҳе аз онҳо ҳатто хостааст, Расулуллоҳ (с)-ро аз роҳ занад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «