Тафсири Сураи Чин Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 10
وَّاَنَّا لَا نَدۡرِىۡۤ اَشَرٌّ اُرِيۡدَ بِمَنۡ فِى الۡاَرۡضِ اَمۡ اَرَادَ بِهِمۡ رَبُّهُمۡ رَشَدًا ١٠
Ва анна ла надри а-шаррун урӣда би ман фи-л-арЗи ам арода биҳим Раббуҳум рашада. 10.
10. Ва ба дурустӣ (ки) мо намедонем, оё дар ҳаққи касоне, ки дар Заминанд, бадиро ирода кардааст ё Парвардигорашон бо онҳо рушду ҳидоятро ирода кардааст.
Ҷинҳо аз баста шудани роҳашон ба осмон тааҷҷуб карда мегӯянд, ки мо аз ин ҳайронем, ки ин амал барои аҳли Замин чӣ аз инсу чӣ аз ҷин барои кушоишу манфиату рушду ҳидоятаст ё баръакс барои зиёни онҳост?
Пас барои ёфтани ҷавоб ба сайри олам аз Машриқ то Мағриб баромаданд. Он замон ҳазрати Муҳаммад (с) бо ҷамъе аз асҳоб намози бомдод мехонду Қуръонро тиловат мекард, рӯ ба рӯ омаданд. Бас ҳақиқатро дарк карданд. Ва ба саволашон ҷавоб ҳосил намуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «