Сураи Каҳф Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Кахф Ояти 100 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Каҳф Ояти 100

وَعَرَضْنَا جَهَنَّمَ يَوْمَئِذٍ لِلْكَافِرِينَ عَرْضًا ١٠٠

Ва ъараЗна Ҷаҳаннама явмаизи-л лил кафирӣна ъарЗа. 100.

100. Ва он рӯз Дӯзахро пеши кофирон ошкоро рӯбарӯ орем,

Сипас, дар он рӯзе, ки ҳама дар маҳшаргоҳ ҷамъанд, барои натиҷаи амалҳои бади худро диданашон, Худованд Ҷаҳаннамро, бо тарзи ваҳшатнок, ба кофирон арза медорад. Ингуна нишон додани Ҷаҳаннам худ азоби дардноку ҷонкоҳ аст. Чӣ расад, ки дохили он шаванд? Боз бо ингуна ҷазо кӣ гирифтор мешавад? Ояти зер онро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Каҳф Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Каҳф Ояти 101 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)