Тафсири Сураи Кахф Ояти 96 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 96
آتُونِي زُبَرَ الْحَدِيدِ ۖ حَتَّىٰ إِذَا سَاوَىٰ بَيْنَ الصَّدَفَيْنِ قَالَ انْفُخُوا ۖ حَتَّىٰ إِذَا جَعَلَهُ نَارًا قَالَ آتُونِي أُفْرِغْ عَلَيْهِ قِطْرًا ٩٦
Атунӣ зубара-л-ҳадӣд. ҳатта иза сава байна-с садафайни қоланфуху. ҳатта иза ҷаъалаҳу наран қола атунӣ уфриғ ъалайҳи қитро. 96.
96. Биёред пеши ман пораҳои оҳан!». То вақте ки баробар сохт мобайни он ду кӯҳ (ва) гуфт: «(Оташ) бидамед!». То он ки он (оҳан)-ро оташ (сурх) сохт. Гуфт: «Рӯини гудохтаро пеши ман биёред, то болои ин бирезам».
Зулқарнайн баъд аз он ба мардум гуфт, ки порчаҳои оҳанро биёваред. Онҳо барояш қитъаҳои оҳанро оварданд. Оҳанҳоро байни ду кӯҳ болои ҳам гузоштанд, то андозаи девор бо баландии ду кӯҳ баробар гашт. Баъд ба коргарон гуфт, ки оташ афрӯзед ва ба он бидамед. Оҳан аз таъсири ҳарорат сурх гашт ва мисли оташ гашт. Баъдан гуфт, ки миси гудохта биёред, то бар он бирезам. Миси гудохтаро рехтанд. Оҳан ва мис бо ҳам омехта шуда сард шуданд. Садди бузург ва мустаҳкаме байни ду кӯҳ барқарор шуд.
Муфассирон гуфтаанд, ки ба воситаи ба оҳан омехтани мис зиёд кардани мустаҳкамии оҳанро илми муъасир дар асри ХХ кашф намуд. Ҳол он ки Худованд ин тарзи амалро дар Қуръони Карим асрҳо қабл хабар дода буд. Бо ҳамин тариқ Зулқарнайн тавонист, ки мувофиқи давру замони худ, роҳи Яъҷуҷу Маъҷуҷро банд кунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «