Тафсири Сураи Кахф Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Каҳф Ояти 95
قَالَ مَا مَكَّنِّي فِيهِ رَبِّي خَيْرٌ فَأَعِينُونِي بِقُوَّةٍ أَجْعَلْ بَيْنَكُمْ وَبَيْنَهُمْ رَدْمًا ٩٥
Қола ма макканнӣ фӣҳи Раббӣ хайрун фа аъӣнунӣ би қувватин аҷъал байнакум ва байнаҳум радма. 95.
95. Гуфт: «Он чӣ Парвардигори ман маро дар он дастрасӣ додааст, беҳтар аст, пас, маро бо зӯри бозу мадад кунед, то миёни шумо ва онҳо садди маҳкаме бисозам.
Ин марди бошаҳомат (Зулқарнайн) вақто дид, ки хазинаҳоро дар ихтиёраш гузоштанд, ба онҳо гуфт, ки ин имконоту тавоноие, ки Худованд аз молу мулк ва тасарруфе, ки дар рӯйи Замин ба ман ато карда аст, беҳтар аст аз сарвате, ки шумо дар ихтиёри ман гузоштаниед. Ман ба сарвати шумо ниёзе надорам. Ман барои сарватдӯзӣ наёмадаам. Шумо маро бо қувваи коргарӣ ёрӣ диҳед. Ман, Худо хоҳад, байни шумо бе он, ки дар муқобил аз шумо чизе талаб кунам, садди маҳкаме месозам ва шуморо аз шарри (зарари) онҳо халос мекунам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Каҳф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «