Тафсири Сураи Калам – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам 68-ум сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда аз 52 оят иборат аст.
Қалам сураест, ки асли ақидаву имонро дар бар гирифта аст. Он се мавзӯи асосиро ёдрас ва рӯшан мегардонад.
Авал ҳоли баъзе пайғамбарону, даъвати онҳоро ва ҳоли кофарону ба шубҳа назар кардани онҳо ба сӯйи фиристодагони Худоро баён месозад.
Дувум қиссаи соҳибони боғро, ки мурод аз он оқибати куфр ва эътибори инсон бо он чи ки Худованд дар охират барои муъминон ва кофарон муҳайё сохтааст ба маърази хонанда мегузорад.
Севум исботи пайғамбари барҳақ будани ҳазрати Муҳаммад (с)-ро зикр мекунад. Ҳамчунин дар ин сура аз қадру қиммати пайғамбарон ва пок будани онҳо аз айбҳое, ки мушрикон ба онҳо мебастанд ва соҳиби ахлоқи олӣ будани пайғамбарон таъкид мешавад. Баъдан сухан аз мушрикони Макка меравад, ки бо вуҷуди неъматҳое, ки Аллоҳтаъоло ба онҳо додааст ношукрӣ мекунанд. Дар хотимаи сура Ҳақ субҳона ва таъоло Пайғамбари Худ (с)-ро ба сабру шикебоӣ даъват намуда, ба ӯ фармудааст, ки мисли ҳазрати Юнус (а) дар иҷрои вазифаи худ ба саросемагӣ ва шитобзадагӣ роҳ надиҳад.
Ин буд назари кӯтоҳе аз мундариҷаи сураи Қалам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «