Тафсири Сураи Калам Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
نٓ ۚ وَالۡقَلَمِ وَمَا يَسۡطُرُوۡنَۙ ١
Нун. Ва-л-қалами ва ма ястурун. 1.
1. Нун. Қасам ба қалам(-и аъло) ва ба он чӣ менависанд,
Дар Қуръони карим якчанд сура бо ҳарфҳои ҷудогона, яъне бо ҳарфҳои алоҳидаи алифбои араб оғоз гардиданд, ки онҳоро “муқаттаъ” (аз ҳам ҷудо) мегӯянд. Сабаби инро дар сураи Бақара ба тафсил иншоаллоҳ хоҳед хонд. Сари ин масъала уламои изом бисёр фикрҳо рондаанд. Масалан, дар ин ҷо ҳарфи “нун”-ро мифтоҳи исми Худо маънидод кардаанд, ки он “Нур”, “Носир” аст. Баъзе ақида кардаанд, ки он ҳарфи охири исми Аллоҳтаъоло яъне “Раҳмон” аст. Баъзе аз муфассирин гуфтаанд, ки номи ин сура аст, ки ба “Нусрат”-и Ӯ таъоло далолат мекунад. Ва ин ҳам машҳур аст, ки “Нун” номи моҳист. Аз ин хотир ҳазрати Юнус (а)-ро “зунун” (соҳиби моҳи) мегӯянд. Пайғамбар (с) гуфтаанд, Худованд пеш аз ҳама қаламро офарид ва баъд аз он “Нун”-ро офарид, ки он як давот (ранг барои навиштан) аст. Доир ба ин масъала фикрҳои зиёд баён шудаанд. Мо чизе аз худ гуфта наметавонем. Вазифаи худ медонем, ки дар атрофи ин фикрҳои иттифоқӣ ва далелҳои боқувватро бароятон пешкаш бисозем. Худованди мутаъол якчанд сураро тавре дар боло зикр кардем бо ҳарфҳои ҷудогона ба мисли нун, қоф ва амсоли он оғоз кардааст. Ин як танбеҳи калон барои мушрикон аст. Аллоҳтаъоло ба онҳо мефаҳмонад, ки эй мушрикон Қуръони нозилкардаи Мо аз ҳуруфи алифбое, ки шумо доред берун нест. Аммо он китоби илоҳист ва дар сохтани чунин як китоб шуморо оҷиз гардонидааст. Агар бовар надоред пас чун соҳиби алифбое ҳастед, ки Қуръон бо он навишта шудааст ва коғазу давот доред пас, китобе ба мисли Қуръон нависед? Ҳол он ки дар анҷоми чунин кор оҷизед, ҳарчанд баъзе бар баъзеи дигар ёвару мададгор шавед ҳам оҷизию дасткӯтоҳии шумо собит гардидааст.
Хулоса, сураи Қалам яке аз сураҳои авалин нозилшудаи Қуръон аст. Дар он ҳангом қисми зиёди мардуми Арабистон хондаву навишта наметавонист. Расулуллоҳ (с) низ чашми хат надошта ва ба даст қалам ҳам нагирифта буданд. Локин сураҳои Қуръон нозил мешуданд. Омӯхтани хату хондану талаби илму маърифат дар он сураҳо тарғибу ташвиқ мешуд. Савганд ба қалам хӯрдани Аллоҳтаъоло рӯшан сохтани эътибору мартабаи баланди қалам аст. Қасами Худованд танҳо ба қалам анҷом намеёбад, балки ба сатрҳо низ Ӯ таъоло қасам ёд кардааст. Мақсад аз ин ояти карима чист? Мақсад рӯшан аст, яъне зарурати дарёфтани илму маърифат, балад будан ба хондану навиштан. Зеро бе омӯзиши илм маърифати Илоҳӣ ба даст намеояд. Аз аҳамияти бузурги илму дониш аст, ки пайғамбари Худо (с) бар ҳар як умматаш амр карда ки аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй. Тавре мебинем ҳанӯз чаҳордаҳ қарн қабл Қуръон башорати зарурати рӯ овардан ба илму донишро дода буд. Оё ин магар муъҷиза нест? Бубинед то даври мо хондану навиштан то чӣ андоза рушду камол ёфтааст, ки хатҳои бостониро (мисли хати паҳлавӣ), ки таърихи чандинҳазорсола доранд мехонанд, мошинаҳои электронии ҳисоббарорӣ ба вуҷуд омад ва тарзҳои гуногуни табъу нашр арзи ҳастӣ кард. Вале бо вуҷуди чунин пешравӣ китобе ба мисли китоби илоҳӣ, яъне Қуръони азимушшаън офаридан аз имкон берун аст. Зеро ӯ каломи раббонист… Вале халқи қалам ва “нун”, (ки Худо донотар аст дар маънии он) ва забон, ки бародари қалам аст барои ифодаи мақсад бо хат ин як фазлу марҳамати илоҳист, ки инсонро аз миёни дигар махлуқоташ имтиёз дод, то ҳарф бизанад ва қаламу давот дод, то фикрашро навишта бисозад.Баъзе аз муфассиррон гуфтаанд: “Савганд ба қалам ишора ба эътибори баланди қалам, матни Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва аҳли қалам яъне нависандагон аст.” Ваалоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «