Тафсири Сураи Мулк Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Мулк Ояти 30
قُلۡ اَرَءَيۡتُمۡ اِنۡ اَصۡبَحَ مَآؤُكُمۡ غَوۡرًا فَمَنۡ يَّاۡتِيۡكُمۡ بِمَآءٍ مَّعِيۡنٍ ٣٠
Қул а-раайтум ин асбаҳа маукум ғавран фа ма-й яътӣкум би маи-м маъӣн. 30.
30. Бигӯ: «Оё мебинед, агар оби шумо (дар Замин) фурӯ равад, пас кӣ ба шумо оби равонро биёрад?».
Аллоҳтаъоло фазлу карам ва қудрату тавонойии худро бо мисол овардани об барои мушрикон баён сохта пайғамбари Худро фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), ба мушрикон бигӯ оё шумо гуфта метавонед, ки дар сурати ба қаъри Замин фурӯ рафтани обҳои шумо кадом кас ба осонӣ мисли чашмаҳои ҷорӣ обҳои шуморо аз Замин боло меорад ва ҷорӣ мегардонад? Наметавонед зеро ҳеҷ кас ҷуз Худованд ба ин кор қодир нест.
Дар ҳақиқат агар Худо накарда чунин ҳолат рӯй диҳад сураташ аз тасаввур берун буда, олам ба ҳалокат мерасад. Аммо инсони ғафлатзада сари ин андеша намекунад ва шукри ин неъмати бузургро ба ҷой намеорад.
Мушрикон роҳбаре доштанд вай ҳангоми нозил шудани ин оят дар ширки худ туғён карда гуфт: Агар обҳо хушк шаванд боз ба воситаи белу каланд онҳоро аз замини боло меорем. Дар ин асно Худованд оби чашмонашро равонд ва ӯ нобино гашт. Яъне оё ӯ метавонад оби чашмони худро пас гардонаду худро боз бино кунад? Лекин сад афсӯс, наметавонад. Хулоса, азимтарин гуноҳ ба Худованд касеро, ё чизеро шарик донистан аст.
Акнун дар хотима чанд нукта аз фазилати сураи Мулк баён мекунем: Ҳазрати расули Худо (с) фармудаанд: “Албатта, дар китоби Худо як сурае ҳаст, ки адади оятҳои он 30-то ҳаст, ин сура дар қиёмат шафеъи хонандааш шуда, соҳибашро аз Дӯзах берун оварда ба ҷаннат мебарад ва он “Таборак” аст.” Дар дигар ҳадиси шариф омадааст: “Чун майитро ба қабр бигзоранд ва фариштаҳои азоб аз тарафи пойҳои ӯ барои суолу ҷавоб биёянд, пойҳои майит бигӯянд, ки шумо ҳақ надоред аз ҷониби мо биёед, зеро ин одам бо мо дар шаб қиём карда, сураи Мулк хондааст, агар сӯйи сар омаданӣ шаванд забон низ ба онҳо монеъ мешавад, ки пасгардед, зеро ин нафар ба воситаи мо сураи Мулкро хонда аст.” Боз аз суханҳои Пайғамбари мо (с) ин аст: “Мехостам сураи Мулк дар дилу забони ҳар бандаи муъмин бошад.”
Поёни сураи «Мулк» ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Мулк «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «