Сураи Қалам Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Калам Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Қалам Ояти 15

اِذَا تُتۡلٰى عَلَيۡهِ اٰيٰتُنَا قَالَ اَسَاطِيۡرُ الۡاَوَّلِيۡنَ ١٥

Иза тутла ъалайҳи айатуна қола асатӣру-л-аввалӣн. 15.

15. Чун оятҳои моро бар вай хонда шавад, гӯяд: «Афсонаҳои пешиниён аст».

Ҳар гоҳ, ки ба он фоҷири бадбахт оёти Қуръонро хонда мешуд он фоҷири бадбахт аз рӯйи изо расонидан ва масхара намудани мусалмонон мегуфт, ки ин ҳама хурофот ва афсонаҳои пешиниён аст, ки Муҳаммад онро бофта ба Худо нисбат медиҳад ва худро расул эълон доштааст. Аз ин рӯ, ё ба сабаби дигар Худованд Валидро дар ояти зер ҳушдор медиҳад, ки ба зуди ба азоб гирифтор мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Қалам Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қалам Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)