Тафсири Сураи Калам Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 7
اِنَّ رَبَّكَ هُوَ اَعۡلَمُ بِمَنۡ ضَلَّ عَنۡ سَبِيۡلِهٖ ۖ وَهُوَ اَعۡلَمُ بِالۡمُهۡتَدِيۡنَ ٧
Инна Раббака Ҳува аъламу би ман Залла ъан сабӣлиҳӣ ва Ҳува аъламу би-л-муҳтадӣн. 7.
7. Ҳамоно, Парвардигори ту ба касе донотар аст, ки роҳи Ӯро ғалат карда аст ва Ӯ ба роҳёфтагон низ донотар аст.
Ба таҳқиқ девона онҳоянд, ки аз ақле, ки Худованд ба онҳо додааст манфиат набардоштанд ва ақлро дар ҷойи худ ба кор набурданд, то аз азоб наҷот ёбанд ва некбахту саодатманд бошанд. Ин се оят ба ҳазрати Расулуллоҳ (с) муроҷиат буд, ки аз он чи мушрикон мегуянд маҳзуну дилхаста ва рӯҳафтода нашавад. Зеро кадом касе ба роҳи хато рафтаву гумроҳ гашта ва ба залолат дучор гардидааст ва роҳи ростро ёфта лоиқи ҳидоят ва аз зумраи растагорон шудааст, ин ҳама барои Парвардигор маълум аст.
Дар ояти баъд Аллоҳтаъоло ба Фиристодаи худ (с) таъкид намуда фармудааст, ки итоати мункиронро накунад ва пайрави хулқи хабиси онҳо нашавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «