Тафсири Сураи Калам Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қалам Ояти 8
فَلَا تُطِعِ الۡمُكَذِّبِيۡنَ ٨
Фа ла тутиъи-л-муказзибӣн. 8.
8. Пас, дурӯғпиндорандагонро итоат макун.
Ҳангоме ки сардорони куффори Макка хостанд Расул (с)-ро ба дини падаронашон ворид созанд, Аллоҳтаъоло ӯ (с)-ро аз ин кор манъ сохту наҳи кард, то онҳоро итоат накунад. Зеро онҳо ашхосе буданд, ки рисолати Ҳазрат (с) ва Қуръонро ба хотире, ки Аллоҳтаъоло ба ӯ шаръи мустақим ва хулқи азимро инъом кардааст дурӯғ ҳисобиданд, бухлу ҳасад варзиданду бардошт накарданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қалам «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «